Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи соли 2024

Posted by

11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоию вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ҷаласаи фаъолони вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони шуъбаву бахшҳои андоз, барқ, кишоварзӣ, обрасонӣ, кор бо занон ва оила, маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, ҳифзи муҳити зист, замин, роҳ ва намояндагони он дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони ҷамоату деҳот ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.  Дар натиҷа нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст. 

Сипас, доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоию вилоят дар 6 моҳи соли 2024 гузориши муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо шунида шуд. Чуноне тазаккур дода шуд, давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 12 млрд. 831 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба миқдори 591,8 ҳазор тонна семент ва 865,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 175,4 ҳазор тонна орд, 2811,4 тонна равғани растанӣ, 19718,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 8111,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 8983,6 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 116,7 фоиз, равғани растанӣ 117,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 120,4 фоиз, консерваҳо 120,7 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 139,2 фоизро ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилоят дар ин давра аҳлона меҳнат намуда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд  андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли  соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи  5 млрд. 343,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.

Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282574,7 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119163,0 гектар, аз ҷумла гандум 54108,6 гектар, ҷав 48248,1 гектар, шолӣ 9593,7 гектар, лӯбиёгиҳо 4730,8 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6684,1 гектар, картошка 28880,6 гектар, сабзавот 18525,3 гектар, аз ҷумла пиёз 4834,1 гектар, полезиҳо 5565,7 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 45907,1 гектарро ташкил медиҳад.

 Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95117,3 тонна, аз ҷумла пиёз 37415 тонна, картошка 55559 тонна, полезӣ 17496,7 тонна, мевагиҳо 110963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103947,8 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 81750,8 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 32353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149750,6 тонна, тухм 339,6 млн. дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст. 

Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.           

Дар моҳҳои январ-июни соли 2024  баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 845,1 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки 1,8 баробар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2024 таъмиру тармими 2077,0 км роҳҳо, аз ҷумла  аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпўш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1005,8 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 112,1 км таъмири асосӣ, 364,8 км таъмири ҷорӣ ва 528,9 км шағалпӯш мебошад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2024 ба 9 млрд. 239,9 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 107,5 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 1 млрд. 475,6 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 109,2 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 1055,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 млн. доллар ё 14,0 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 420,1 млн. долларро ташкил намуд.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 60 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2023-юм 110,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 39 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 21 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2024 ба андозаи 103,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 млрд. 347,5 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 73,2 млн. сомонӣ зиёд аст.   

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 1 млрд. 606,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 81,1 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 105,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 1 млрд. 572,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 млрд. 562,4 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,4 фоизи нақша мебошад.

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 830,8 млн. сомонӣ, тандурустӣ 342,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11,5 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 152,8 млн. сомонӣ, дар маҷмўъ, 1337,8 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 85,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ,  фарҳанг, кор бо занону оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар бахшҳо маълумот дод.

Дар рафти ҷаласа Раиси вилоят фаъолияти макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.

Дар назди масъулин барои таъмини рушди соҳаи саноат, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сари вақт таъмин кардани заминҳо бо оби полезӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, иҷрои нақшаи андозҳо, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии ҳолатҳои зиёдаравӣ дар вақти ҷашнҳои тӯйу азодорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои китобхонӣ, бунёди иншооти варзишӣ, расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа вазифагузорӣ карда шуд. 

Ҳамзамон барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.