Дар ҷаласаи раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, мушовири калони бахши ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шарифзода Ҷамшед, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 муовини якуми раис Абдуллозода З.Ф. маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини раис Аминзода З.Т. оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ шунида шуд. Сипас доир ба натиҷаи фаъолияташон Раисони Суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ахборот манзур намуданд.
Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 аз ҷониби муовини раис Хайриддинзода А. ироа гардид.