Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. ва судяи Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Б.Р., ҷиҳати иштирок дар Форуми 12 – уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки рӯзҳои 26 – 28 июни соли равон дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар Форум, инчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок доштанд.
Форуми мазкур, дар сатҳи баланд доир гардида, дар он масъалаҳои охирин дастовардҳои мақомоти давлатии Федератсияи Россия, роҳҳои иноватсионии ҳалли мушкилот, масъалаҳои ҷорӣ, усулҳои омӯзиш, гузаронидани экспертизаҳои судӣ ва дигар воситаҳои муосири криминалистӣ, ки ба тафтиши самаронокии ҷиноятҳо ва ошкор кардани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, мавриди таҳлил, омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, барои беҳтар кардани фаъолият дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.