Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ дидан карданд.
Дар доираи ин ташаббус аз фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶМП “КСМ ва КА”, корхонаи истеҳсоли хишт дар ҶДММ “Шуҳрати Куркат” ва “Кафс” ва корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои пластикии ҶДММ “Бахт-2016”, корхонаи ордбарории ҶДММ “Султони Ҳаким” боздид сурат гирифт.
Масъулин ҷиҳати таҳкими фаъолият ва таъмини рушди соҳаи саноат муваззаф гардиданд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти сифатнок маслиҳатҳои муфид дода шуд.
(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)