Баргузории Дави миллӣ ва веломарафон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Posted by

19 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд низ бо иштироки ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногун ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ дар назди сокинон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаҳои варзишии ниёгонамон боз ҳам равнақу ривоҷ ёфта, намудҳои бештари варзиш сол аз сол маъруфият пайдо намуда, табақаҳои гуногуни аҳолиро фаро гирифт ва оммавияти бештар касб намуд.

Дар ин раванд бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар кишвар доир намудани «Рўзи Дави миллӣ» ба ҳукми анъана даромадааст.

Чорабинии мазкур, ки имрўз дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонон дар саросари кишварамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор мегардад, басо рамзист, зеро варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳу субот аст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба бунёди майдонҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Боиси таъкид аст, ки давоми солҳои 2018 – 2023 ва 4 моҳи соли 2024 дар вилоят беш аз 450 иншооти варзишӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо мавриди истифода қарор дода шуд ва ин иқдомҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Раиси вилоят илова намуд, ки Дави миллӣ новобаста аз таърихи начандон тўлонӣ аллакай анъанаҳои солиму рақобатпазири хешро дорад. Хусусияти хоси чорабинии мазкур оммавияти он мебошад. Яъне, дар ин чорабинӣ кулли сокинони мамлакат новобаста аз синну сол, ҷинс, касбу кор ва амалу мансаб​ ширкат меварзанд.

Сипас, иштирокчиёни Дави миллӣ ва веломарафон аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ тавассути пули “Ҷашнӣ” то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат карданд.

Дар майдони Парчами давлатӣ чорабинӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибону фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.