САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА – мутахассиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Обидов О.

Posted by

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатй роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тољикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва Ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонй, физиологй ва маънавии занон ишғол намуд.

   Дар ҳошияи зикркардаҳои боло як нуктаи бисёр ҳам муҳимро аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат санаи 7 марти соли 2006 дар васфи зан-модар қайд кардан ба маврид аст: «Агар дар хотир дошта бошед, дар Ачумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта будам: Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорй менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорй мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонй бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

   Набояд фаромуш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Точикистон солҳои вазнину басо мураккаб буд ва имтиҳони сахти рузгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашид. Бо вуҶуди ин ҳама монеаҳо, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҶтимоию иқтисодй ва сиёсй аз Ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра руйдодҳои кишвар, аз Ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҶикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодй, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштй ва ваҳдату якдигарфаҳмй, таъмини покизагии маънавию ахлоқии Ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.

   Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт.

   Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар Ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини ТоҶикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти Ҷамъиятй таъмин намуд. Аз Ҷумла:

– Қонуни Ҷумҳурии ТоҶикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

            Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатй, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҶтимоии ин табақаи аҳолй дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқй қабул шудаанд.

   Занон дар коркард ва амалинамоии сиёсати давлатй, таҳлил ва тадқиқоти гендерй нақши бағоят муҳимро мебозанд, зеро барои ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои вазъи муосири маданй-иҶтимоии муносибатҳои байниҳамдигарии мардон ва занон ва пешгуй намудани пешбурд ва амалинамоии механизми такомули шуури Ҷамъиятй дар соҳаи муътадилсозии муносибатҳои иҶтимоии мардон ва занон имконият фароҳам меоварад.

       Маҳз бо шарофати фаъолияти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар ТоҶикистони азиз имруз занону бонувон дар ҳамаи корҳои давлатдорй ва сиёсат фаъолона иштирок намуда, дар ҳайати мақомоти қонунбарору иҷроия ва суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату муассисаҳои давлатй вазифаҳои хеле масъулро ба уҳда доранд, ки ин нишонаи соҳибиззату соҳибэҳтиром будани онҳо дар Ҷомеаи муосир мебошад. Ҳамин тариқ, имруз ба масъалаи мақом ва нақши зан дар Ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан талаби замон аст, зеро бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар Ҷомеа метавонем бунёди Ҷамъияти боадолату тараққикардаро устувор нигоҳ дорем.