Хушхабар!

Posted by

Дараҷаи номзадии судяи суди иқтисодии вилояти Суғд тасдиқ гардид.

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 таҳти №4 (фармоиши № 84/д.и аз 29.03. 2024) ба судяи Cуди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Наврӯз Эмомалӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шуд. Ба мавсуф дипломи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо рақами қайди 1682 тақдим гардид.

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд  Эмомализода Наврӯзро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъда, муваффақиятҳо таманно менамоянд.