Баргузории машғулияти семинарии судяҳо.

Posted by

Санаи 3 майи соли 2024 дар Суди вилояти Суғд машғулияти  семинарии навбатӣ бо иштироки муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Ш., муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т., раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар семинар оид ба мавзуҳои:

“Омӯзиши бобҳои 52-53 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аломатҳои таркибии ҷинояти истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳанд ( моддаи 209 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба рӯёниш аз молу мулки ба гарав гузошташуда, рӯёнидани фарқияти арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда;  

Тартиби таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ;

Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ” маърӯзаҳо баргузор шуда, доир ба ҳар як мавзуъ мубоҳиса ва саволу ҷавоб доир гардид.

Дар охир, муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Ш., муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. семинарро ҷамбаст ва оид ба амалисозии дастуру супоришҳои дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ва қарорҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид  ба  ҷамъбасти  фаъолияти  судҳои  иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ  дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои солҳои дуюми соли 2023» таъкид карданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо масъалаи тобеияти судиро ҷиддӣ риоя карда, диққати судяҳо барои риояи муқаррароти Кодекси одоби судя, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баррасии саривақтии парвандаҳо, муносибати эҳтиромона ба қонун, аз байн бурдани кашолкорӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок ҷалб карда шуд.