Тибқи талаботи моддаи 322 Кодекси гражданӣ ва моддаи 274 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, молик ҳуқуқ дорад аз ба дастоварандаи ғайриқонунӣ молу мулкашро талаб карда гирад. Шахси дорандаи ҳуқуқи маҳдуди ашёи фарогири ваколати соҳибӣ ҳуқуқ дорад ашёро аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона тибқи ҳамон асосҳо ва қоидаҳое, ки молики ашё дорад (моддаҳои 274-276 ҳамин Кодекс), талаб карда гирад. Молик ҳамчунин ҳуқуқи талаб карда гирифтани ашёро аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона ба манфиати ҳуқуқдори маҳдуди ашёи фарогири ваколати соҳибӣ, ки аз ин ҳуқуқаш истифода накардааст, дорад. Қонеъ гардондани даъвои виндикатсионӣ нисбати шахсе, ки ҳуқуқи он ба қайд гирифта шудааст, барои бекор намудани сабти ҳуқуқи чунин шахс ва ба қайд гирифтани ҳуқуқи шахсе, ки ашёро аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона талаб кардааст, асос шуда метавонад.
Бояд қайд намуд, ки талаб карда гирифтани (пас гирифтани) молу мулк аз соҳибии ғайриқонунии бегона – яке аз тарзҳои ашёии ҳифзи ҳуқуқи молик ба ҳисоб меравад. Он бо роҳи аз ҷониби молики соҳибиро гумкарда пешниҳод намудани даъво ба соҳиби воқеии молу мулк татбиқ мегардад, ки барои соҳибӣ асосҳои қонунӣ надорад. Чунин даъво виндикатсионӣ номида мешавад, ки калимаи лотинӣ буда, маънои баёни эътирозро дорад (rei vindicatio – эълони истифода қувва) ва худи талабот бошад – виндикатсия номида мешавад. Барои пешниҳоди даъвои виндикатсионӣ риояи якчанд шарт зарур аст:
1) он танҳо нисбат ба ҳолатҳое истифода мегардад, ки молу мулк воқеан аз соҳибии молик баромадааст. Агар вайронкунӣ бо маҳрум сохтан аз соҳибӣ алоқаманд набуда, дар монеаҳои истифода ё ихтиёрдории молк зоҳир гардад, ҳимоя дар асоси даъвои негаторӣ анҷом дода мешавад (моддаи 325 Кодекси гражданӣ). Агар ҳуқуқи молик ба молу мулк аз ҷониби дигар шахс таҳти баҳс қарор гирад, дар ин сурат даъво дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликият истифода бурда мешавад (моддаҳои 12 ва 321 Кодекси гражданӣ);
2) молу мулк бояд ба таври инфиродӣ муайян карда шавад, яъне молик бояд зикр намояд, ки маҳз кадом ашё аз соҳибии он хориҷ шудааст ва ӯ чиро тақозо менамояд. Агар аз соҳибӣ ашёе хориҷ гардида бошад, ки бо аломатҳои навъӣ муайян гардидааст (миқдори муайяни ғалла, пул, коғазҳои қиматноки манзурӣ ва ғайра) ва инфиродигардонии ин ашё имконнопазир мебошад, бояд даъво дар хусуси пас гардонидани дорошавии беасос пешниҳод карда шавад (моддаи 1117 Кодекси гражданӣ);
3) дар лаҳзаи пешниҳоди даъвои виндикатсионӣ молу мулк бояд дар назди ҷавобгар дар шакли асл нигоҳ дошта шавад. Агар ашё то ин муддат нобуд, коркард ё истеъмол шуда бошад, аз сабаби набудани объекти талабшаванда истифодаи моддаи тафсиршаванда истисно карда мешавад. Дар ин ҳолат молик ҳуқуқ дорад дар хусуси товони зиён даъво пешниҳод кунад;
4) ҷавобгар бояд барои соҳибии молу мулк асоси қонунӣ надошта бошад (молик худаш онро хилофи қонун аз худ кардааст, аз шахсе ба даст овардааст, ки барои бегона кардани он ҳуқуқдор нагардидааст) ё чунин асосҳо бояд нодуруст бошанд (мисол, ба даст овардани молу мулк мутобиқи аҳдҳои баҳсноки беэътибор).
Молик вазифадор намебошад пешакӣ асосҳои интиқоли молу мулкро ба соҳиби нав тибқи тартиби судӣ таҳти баҳс қарор диҳад. Ӯ бояд танҳо исбот намояд, ки дар лаҳзаи пешниҳоди даъво ҳақиқатан ҳам молики молу мулк мебошад.
Талабот дар бораи баргардонидани молу мулк аз соҳибии ғайриқонунии бегона метавонад аз истифодаи дигар тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ ба миён ояд. Мисол, ҳангоми беэътибор эътироф намудани аҳд ва истифодаи оқибатҳои беэътибор будани он – аз ҷониби тарафҳо баргардонидани ҳамаи он чизе, ки аз вобаста ба аҳд гирифтаанд. Ба таври расмӣ даъвогар талабот оид ба истифодаи оқибатҳои беэътибории аҳдро пешниҳод намуда, уҳдадор нест, ки ба меъёрҳои виндикатсия истинод намояд. Вале моҳиятан ба молик баргардонидани молу мулк аз соҳибии ғайриқонунии бегона сурат мегирад.
Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004 «Дар бораи таҷрибаи судӣ аз чониби судҳо татбиқ намудани қонунгузори ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста ба беэътибор донистани шартномахои хариду фуруши хонаи истиқоматӣ» харидори ( бадастоварандаи) бовиҷдон шахсе эътироф карда мешавад, ки агар хонаи истиқоматиро бо подош аз шахсе ба даст овардааст, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ба дастоваранда аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист.
Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибии молу мулк дар аксари ҳолатҳо имкон медиҳад аз он истифода бурда шавад, аз истифода самара, маҳсулот, даромад ба даст ояд, инчунин он метавонад бо зарурати анҷом додани хароҷот барои нигаҳдошти ҳамин молу мулк алоқаманд бошад. Аз ин рӯ, ҳангоми талаб карда гирифтани молу мулк аз соҳибии ғайриқонунии бегона байни молик ва соҳиби воқеӣ муносибатҳое ба миён меоянд, ки ба ҳисобу китоб оид ба даромад аз молу мулк аз як тараф ва хароҷоти вобаста ба он аз тарафи дигар алоқаманд мебошанд. Мушаххасоти ҳисобу китоб ба як қатор ҳолатҳо алоқаманд аст ва яке аз ҳолатҳои нисбатан муҳим – ин бовиҷдонӣ ё бевиҷдонии соҳиб – бадастоваранда мебошад, аз ин рӯ, ҳангоми талаб карда гирифтани ашё аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона молик ҳамчунин ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки медонист ё бояд медонист, ки соҳибиаш ғайриқонунӣ мебошад (бадасторандаи бевиҷдон), баргардондан ё пардохти ҳамаи даромадеро, ки чунин шахс ба даст овардааст ё мебоист дар тамоми давраи соҳибиаш ба даст орад, талаб намояд. Инчунин ҳангоми талаб карда гирифтани ашё аз соҳибии ғайриқонунии шахси бегона, аз бадасторандаи бовиҷдон талаб намудани баргардондан ё пардохти даромаде, ки бадасторандаи бовиҷдон ба даст овардааст ё мебоист ба даст орад, аз лаҳзаи огоҳ гардидан ё лаҳзае, ки мебоист аз соҳибии ғайриқонуниаш огоҳ гардад ва ё аз лаҳзаи гирифани хабарномаи суд вобаста ба даъвои виндикатсионии молик нисбати он, мумкин аст.
Бадасторандаи бовиҷдон дар навбати худ ҳуқуқ дорад аз молик пардохти хароҷоти заруриашро нисбати ашё аз лаҳзае, ки молик ҳуқуқи даромад аз ашёро ба даст меорад, талаб намояд. Бадасторандаи бовиҷдон ҳуқуқ дорад беҳбудиҳои анҷомдодаашро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад, агар ҷудо карда гирифтани онҳо бе расондани осеб ба ашё имконпазир бошад. Агар чунин ҷудо карда гирифтани беҳбудиҳо имконнопазир бошад, бадастоварандаи бовиҷдон ҳуқуқ дорад пардохти хароҷотро барои беҳбудӣ талаб намояд, вале на бештар аз андозаи арзиши афзудаи ашё.
Ба ҳамин маънӣ лаҳзаи вақте, ки аз соҳиби (бовиҷдони) молу мулк даромад барои молик ҳисоб карда мешавад ва лаҳзаи вақте, ки аз он ҷуброни хароҷот барои соҳиб аз молик ҳисоб карда мешавад, ба ҳам рост меояд.
Мутобиқи моддаи 325 КГ ҶТ ва моддаи 277 КМ ҶТ, молик ва ё шахсе, ки дорои ҳуқуқи маҳдуди ашё мебошад, ҳуқуқ дорад бартараф намудани ҳама гуна вайронкунии ҳуқуқашро, ки ба маҳрум кардан аз соҳибӣ алоқаманд намебошад, талаб намояд (даъвои негаторӣ). Молики ашё ҳуқуқ дорад даъвои негаториро ба дорандагони ҳуқуқҳои маҳдуди ашё нисбат ба ҳамин ашё пешниҳод намояд, агар онҳо ҳуқуқҳои худро амалӣ намуда, аз ҳадди муқарраршуда берун баромада бошанд. Шахсе, ки ҳуқуқи маҳдуди ашё дорад, метавонад ба молик ва ё дигар дорандаи ҳуқуқи маҳдуди ашё даъвои негаторӣ пешниҳод намояд, агар молик ё чунин шахс ҳуқуқи ҳимояшавандаи ашёро вайрон намояд.
Аз муҳтавои меъёри мазкур бармеояд, ки ҳуқуқҳои молик метавонад на танҳо дар ҳолатҳои аз соҳибии ӯ баромадани ин ё он ашё, инчунин ҳангоме вайрон карда шавад, ки молу мулк воқеан дар назди молик боқӣ монад. Ба тарзи ҳуқуқии ашёии ҳифзи ҳуқуқи моликият ба ғайр аз даъвои виндикатсионӣ, инчунин даъво дар бораи аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқи молик, ки бо маҳрумсозӣ аз соҳибӣ алоқаман намебошад, дохил кардан мумкин аст. Чунин даъво негаторӣ буда, калимаи лотинист (actio negatoria) ва маънои радкунандаи даъворо дорад. Даъво аз ҷониби молике, ки молу мулкро соҳибӣ мекунад, нисбат ба шахсе пешниҳод карда мешавад, ки ба молик ҷиҳати истифода ва ихтиёрдории ин молу мулк монеа пеш меоварад.
Меъёри моддаи мазкур ба таври васеъ нишон дода шудааст. Ин ба таври расмӣ ба молик имконият медиҳад дар бораи бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи моликият дар ҳама ҳолатҳое, ки агар вайронкунӣ бо маҳрумсозӣ аз ҳуқуқи соҳибии молу мулк алоқаманд намебошад, талабот пешниҳод намояд. Аз ин нуқтаи назар даъво дар бораи аз ҳабс озод намудани молу мулк (дар бораи аз рӯйхат хориҷ намудани молу мулк) низ метавонад негаторӣ ба ҳисоб равад.
Ҳангоми ба молик пешниҳод намудани даъво бояд ҳуқуқи худро ба молу мулк тасдиқ намуда, далели вайрон кардани ҳуқуқ исбот карда шавад. Агар вайронкунандаи ҳуқуқи молик натавонад қонунӣ будани рафтори худро исбот намояд, вайронкунии ҳуқуқҳои молик бояд бартараф карда шавад. Ҳамзамон чунин ҳолат ба монанди мавҷуд будан ё мавҷуд набудани гуноҳи вайронкунанда дорои аҳамият намебошад.
Ҳангоми пешниҳоди талаботи даъво дар бораи аз ҳабс озод намудани молу мулк (хориҷ намудани молу мулк аз рӯйхат) ҳамзамон ду субъект ҷавобгар мебошанд: қарздор, ки молу мулки ӯ ба ҳабс гирифта шудааст ва он ташкилот ё шахсоне, ки ба манфиати онҳо молу мулк ба ҳабс гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки нисбат ба талабот оид ба бартараф намудани монеаҳои баамалбарории ҳуқуқи моликият муҳлат паҳн намешавад.
Судяи Суди
иқтисодии вилояти Суғд: Эмомализода Н.Э.