Дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷамъомад ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстемизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси Суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки терроризм ва экстемизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои баланд таъкид намудаанд, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои худ, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд.
Тибқи маълумоти расонаҳои иттилоотӣ айни замон дар сафи ҷанговарони ба ном “давлати исломӣ” шаҳрвандони Тоҷикистонӣ бо роҳҳои гуногун ба ҳайати ин гуруҳҳо шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида, ҷони худро аз даст додаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ оварданд. Аксарияти ҷавонони ба гуруҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Бо мақсади пешгири аз ин вабои аср Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст ва судҳои иқтисодии ҷумҳури низ иҷрокунандаи бандҳои дахлдори он ба ҳисоб мераванд.
Сипас судяи Суди иқтисодии вилоят Гулзода С.С. ва нозир референт Олимиён Т.Б. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи дохилиидоравӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ чораҳои зарурӣ андешида, шумораи ташвиқу тағриботро дар ин самт зиёд ва сифатнок намоянд.