Дар пайравӣ бо ташабусу иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии Иди саиди Фитр кумакҳои моддӣ аз қабили гушт, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, мевагӣ, нушокӣ ва ғайра расонида шуд.
Дастгирии шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ баҳраманд мегарданд.