Ҷашни Наврӯз ва таъсири он ба адолати иҷтимоӣ

Posted by

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳташами бостонии мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Наврӯз ҷашни солинавии ориёӣ мебошад. Дар адабиёти бостонии мардуми форсу тоҷик, араб, юнонӣ, чинӣ ва дигар халқҳои ҷаҳон оид ба пайдоиши ҷашни Наврӯз ва суннату анъанаҳои он ба тарзҳои гуногун иттилоот додаанд.

Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки дар ҷараёни он як қатор суннату оинҳои давлатдорӣ расм гардидааст. Яке аз суннатҳои ин марҳила додхоҳӣ аз золимон ба шумор меравад.

Тибқи китоби мутафаккир Ҷоҳиз “Тоҷ” солшумории ориёиён 360 рӯзро дарбар мегирифт ва панҷ рӯзи боқимонда на ба соли нав ва на ба соли куҳан дохил карда намешуд. Ин панҷ рӯзро гузаштагони халқи тоҷик  “шумурдик” ном бурда, пас аз рӯзи 30-юми моҳи охирини сол иловатан дохил намуда, ҷашн мегирифтанд. Вале вақте ки рӯзи аниқи соли нав – Наврӯз, яъне баробаршавии шабу рӯз – 22 март, муайян мегашт, он рӯзи шашуми соли ҷорӣ илова карда шуда, ҷашн гирифта мешуд. То фаро расидани ин панҷрӯза ба мардум амр дода мешуд, то ба Наврӯз тайёрӣ бинанд.

Тавре қайд намудем, яке аз суннатҳои ҷашни Наврӯз – додхоҳӣ аз золимон ба шумор меравад. Мардум нисбат ба ҳар як золим ва зулм дар давоми панҷрӯза даъво таҳия намуда ба дарбор меоварданд. Охирин рӯзи панҷрӯза шоҳ муҳокимаи додрасиро оғоз менамуд ва як – як бо даъвоҳо шинос мешуд ва куллӣ муддаиён ва ҷавобгарон дар назди шоҳ ҳозир карда мешуданд. Мурофиаи додрасӣ оғоз гардида ҳар як даъво баррасӣ мегардид. Агар дар қатори даъвоҳои пешниҳодшуда – даъво нисбат ба шоҳ низ вуҷуд медошт, Шоҳ аз тахт поин мешуд ва дар баробари муддаӣ, розигии худро барои амали намудани адолати судӣ нисбат ба худаш изҳор мекард. Дар ин ҳолат ба сифати додрас мубади мубадон баромад мекард.

Бо ҳаллу фасл шудани даъвоҳо нисбат ба худаш, Шоҳ боз ба мизи доварӣ менишаст ва ба сифати додрас (қозӣ) додрасӣ менамуд. Албатта, фаҳмо аст, ки аксари ҷавобгарон дар ин додрасӣ амалдорони давлатӣ ва ашхоси бонуфуз буданд, ки мақомоти поёнии ҳокимият нисбат ба онҳо дар амали сохтани адолати судӣ дасткутоҳ буд.

Адолати шоҳӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон бо доварии мардуми ориёӣ, пеш аз ҳама дину оин ва ҷашни Наврӯз сахт алоқаманд мебошад, чунки шоҳони ориёӣ низ намехостанд то аз гуноҳҳо пок нашуда, гунаҳкор Наврӯзро пешвоз гиранд. Онҳо эътиқод доштанд, ки пок шудан аз гуноҳ, ҷавоби зулмро то Наврӯз  додан, сабаби он мегардад, ки соли нав барои онҳо фараҳи нав ва файзи нав меорад. Баракате, ки ба шоҳ ҷашни Наврӯз мебахшад, сабаби беҳтар шудани сатҳи зиндагонии мардум, фаровонҳосилӣ ва пешравии давлат мегардад.

Имрӯз оид ба Наврӯз сухан гуфта, мо меросбарони мардуми ориёӣ бояд суннату оинҳо ва анъанаҳои неки онро зинда гардонем. Албатта ба ҳамин ҷашни таърихӣ мутобиқ намудани як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, қонуни авфро метавон дар арафаи иди Наврӯз қабул ва эълон кард, инчунин ҳамасола додани ордену медалҳоро ба ҳамин ҷашн мувофиқ намудан мумкин аст.

Тавре Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд: “Иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошанд. Яъне, забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврӯзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад.”

Ин буд ки имрӯз Наврӯз ба қатори дастовардҳои Бузурги ғайримоддии  халқҳои ҷаҳон дохил гардида, дар сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ  соли 2010 оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” – 21 март қарор (резолютсия)  қабул шуда, барои ташаккулу рушди Наврӯз омӯзиши амиқи суннатҳои ба он алоқаманд таъкид карда шуд. Пас аз ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти он – ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карданд ва он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуда буд.

Пешвои миллат саривақтӣ иброз доштаанд, ки “Эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита, таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошанд”.

Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 январи соли 2021 махсус бо ифтихор иброз доштанд, ки дар тамоми кишварҳои олам бо забони ноби тоҷикӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз мардум ба якдигар “Наврӯз муборак” мегӯянд ва ин калимаҳо тарҷума надоранд.

Дарвоқеъ айниҳол ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гаштааст ва ин воқеан ҳам ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикистониён аст, зеро мардуми олам бо урфу одат, анъана ва тамаддуни халқи тоҷику ориёиён ошно гашта, бо забони тоҷикӣ “Наврӯз муборак” мегӯянд ва забони мо низ дар дунё номвар мегардад.

Дар маҷмӯъ, ҷашни Наврӯз бо он суннату оинҳо ва анъанаҳои фарҳангию сиёсиаш бо адолати судӣ ҳамҷавор мебошад, зеро тавре дар боло муайян гашт, яке аз суннати ин ҷашн додхоҳӣ аз золимон ба ҳисоб мерафт ва дар арафаи ин ҷашн мардуми оддӣ, ҳатто шоҳон низ мехостанд то аз гуноҳҳо пок шуда, соли навро бо файзу баракати нав пешвоз гиранд. Ва онҳо бовар доштанд, ки ин амал сабаби беҳтар шудани сатҳи зиндагонии мардум, фаровонҳосилӣ ва пешравии давлат мегардад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, халқи азизи кишварро ба ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, ба ҳамватанони азиз тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгору осуда таманно дорам.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Эмомализода Н.Э.