Баргузории ҷамъомад дар мавзӯи “Забон бақои миллат”

Posted by

Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ ҷамъомад дар мавзӯи “Забон бақои миллат” баргузор гардид.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. ҷамъомадро кушода иброз намуд, ки  забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.

Риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, таҳти назорати роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қарор дошта, дар ин самт пайваста машғулияти омӯзишӣ баргузор карда мешавад ва баҳри таъмини таҳияи санадҳои судии сифатнок, ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи забони қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ ба табъ расонида, барои истифодаи хизматӣ ба судяҳои судҳои иқтисодӣ дастрас карда шуданд. 

Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои худро доир ба гиромидошти забони ширину шоиронаи миллӣ, ифтихор аз забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баён дошта, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб доданд.

Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки ҳангоми таҳияи санадҳои судӣ ва ҷавобҳои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ қатъӣ риоя карда шавад.