Иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Posted by

Бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд, ҷамъомад ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он, баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, баён намуданд, ки дар замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонида, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ гардида, татбиқи чорабиниҳо аз рӯи он ҷараён дорад.

Аз замони касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.”

Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т.Ш. ва котиби маҷлиси судии суди мазкур Набиев Х.А. оид ба мавзӯи имрӯза баромад карда, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гардониданд.

Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия роҳ дода нашавад ва сабабҳои сарзадани он пешгирӣ карда шаванд.