Нишаст оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023

Posted by

Санаи 18 январи соли 2024 дар Суди иқтисодии  вилояти Суғд нишаст оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд, робарият ва иҷрочиёни  Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд  доир гардид.

 Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. нишастро кушода, иброз намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон санаи 28 декабри соли 2023 дар арафаи соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Баробари дигар самтҳои пешрафти сиёсати давлатамон, ишора гардид, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Мақсад аз эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

 Рукнҳои асосӣ ва дастурҳои ҳидояткунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар Паём ироа гардиданд мавриди омузиш қарор гирифтанд. Баҳри таъмини иҷрои воқеъии дастуру супоришҳои дар назди мақомот гузошташуда, дар мувофиқа бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории суди иқтисодӣ барои нимсолаи авввали соли 2024 таҳия, қабул, тасдиқ ва мавриди иҷроиши воқеъӣ қарор дода хоҳад шуд. 

 Сипас вобаста ба омӯзиши Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзачиҳо судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.Э., иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд Бобозода Д.И. ва котиби маҷлиси судӣ Сангов Ш.С. доир ба аҳамият ва зарурати таъмини иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои дар Паём баён гардида ва андешидани чораҳои иловагии таъхирнопазир баҳри иҷрои вазифаҳои аз он бармеомада, истода гузаштанд.

Дар охири нишаст Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида, таъкид карда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуданд.