Кумак ба шахсони ниёзманд дар рӯзҳои ид

Posted by

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самти муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ  баҳраманд мегарданд.

Бо ин мақсади аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба кӯдакон ва мурабиён дастархони идона ороста шуд.

Кӯдакони ятим ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амали мешавад.