Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ

Posted by

Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки

“Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон – нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили ҷашни рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Воқеан, давлати соҳибистиқлолро бе рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро он яке аз шиносномаҳои давлат мебошад, ки тавассути он давлатро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди таназзули сохтори давлатии шӯравӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ташкил ёфт. Заминаи сиёсии ташаккулёбии марҳилаи моҳиятан ва сифатан нави инкишофи Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асоси ҳуқуқии чунин тағйироти куллӣ дар сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 ва санадҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар асоси он қабул гардиданд. Конститутсия асосҳои сохтори конститутсионӣ, фаъолияти давлатӣ аз он ҷумла, муқаддасоти миллиро муқаррар намуд.

Ҳамаи ин арзишҳо бо дарназардошти муқаддасоти миллӣ дар марҳилаи ташаккулёбии давлатдории миллии тоҷикон мазмуни хоса доранд. Дарки моҳият, эътирофи муқаддасот ва ҳифзи ин арзишҳо вазифаи муҳими давлатӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ мебошад. Вале барои иҷрои ин вазифа равшан донистани мазмуну моҳияти онҳо зарур аст.

Ҳар як давлат дорои муқаддасоти миллӣ ё рамзҳои давлатии худ буда, дар онҳо моҳият, шакл, мазмун ва вазифаҳои асосии давлат инъикос меёбанд. Инҳо Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ мебошанд. Ҳамчунин Пойтахти давлат низ яке аз рамзҳои давлатӣ буда, дар он мақомоти олии қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҷойгир мебошанд. Ободонӣ ва нашъунамои пойтахт, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи он вазифаи умуми давлатӣ мебошад. Забони давлатӣ низ яке аз рамзҳои муҳими давлат буда, ғамхорӣ дар ҳаққи он вазифаи умум аст.

Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи конститутсия, инчунин кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ чӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва чӣ шакли худ мувофиқат намекарданд. Моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кард, ки “Нишони миллӣ, байрақ ва суруди миллӣ рамзи истиқлолияти ҶТ буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд”. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар шакли ба худ хос дар рамзҳои давлатӣ, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун муқаррар менамояд, ифода меёбад. Ин Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аст, ки дар онҳо ба таври рамзӣ моҳияту мазмуни фаъолият ва таъиноти давлат, шакли сохтори давлатӣ, марому мақсади давлат ва равандҳои асосии сиёсати он ифода ёфтааст. Илова ба ин дар моддаи 3-юми Конститутсияи ҶТ «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст» муқаррар карда мешавад.

Дар ҳамин асос Шӯрои Олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Бо зуди коммисияҳои махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ ташкил карда шудаанд, ки сарварии ин комиссияро Президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда дошт. Барои тайёр кардани матн ва оҳанги суруди миллӣ, таҳияи тарҳи Парчам ва Нишони давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда шуданд. Аз зиёда аз 250 нафар муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу – тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Баъд аз ин гурӯҳи кори дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд. Айни ҳол, ҳафт ситора – ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Баъди ҷамъбасти озмун тарҳи Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шуд. Мувофиқи қонунҳо аз 4 ноябри соли 1992 ба Конститутсия тағйирот дароварда Низомномаи Парчами давлатӣ ва Низомномаи Нишони давлатӣ тасдиқ карда шуданд. Матни нави Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон дар Низомномаҳои зикршуда ба таври зерин муайян карда шуд: “Парчами давлатии ҶТ матоъи росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст; рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 аз паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и. паҳноии рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша ба доираҳои қутрашон 0,15 ва ба қавси радиусиаш 0,5-и паҳнои рахи сафед кашида мешавад.

Тоҷ ки баландиаш баробари 0,55 паҳнои рахи сафед аст, дар пояаш ба қавси радиусаш 1,2 бари рахи сафед қатъ мешавад. Чор унсури камоншакл, ки тоҷро зеб медиҳанд, дар мобайн бо як қисми доира оро меёбад, ки қутри он баробари 0,2 бари рахи сафед мебошад”.

Дар ҶТ санаи  12 майи соли 2007 № 254 ҚҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ», ки аз 5 боб ва 13 модда иборат мебошад қабул шуд. Бо қабули қонуни мазкур якчанд қонун, аз он ҷумла ҚҶТ аз 24 ноябри соли 1992 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; ҚҶТ аз 28 декабри соли 1993, №960 “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; ҚҶТ аз 7 сентябри соли 1994 “Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шуданд. Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии ҶТ афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии ҶТ ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии ҶТ калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 5 ҚҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ», парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: – дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар толорҳои маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар утоқҳои кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

Ҳамчунин тибқи  талабот моддаи 8 Қонуни мазкур, тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

– дар пештоқи биноҳои қароргоҳи расмии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар толорҳои маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар утоқҳои кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе.

– дар мӯҳр, бланкҳо ва санадҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Боиси қайд аст, ки Парчами давлатии мо тавре таъкид намудам, яке аз шиносномаҳои давлат мебошад, ки тавассути он давлатро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Аз он ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолии давлат, Парчами давлатии моро борҳо варзишгарон дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоштаанд.

Вобаста ба парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Парчами давлатӣ соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оиинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони  мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад”.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ аҳли толор ва тамоми халқи тоҷикро ба ин рӯзи фархунда табрик карда, ба кулли ҳамватанон дар идомаи зиндагиашон умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳоро таманно дорам. Ташаккур ба диққататон.

Судяи Суди

иқтисодии вилояти Суғд                                                                   Эмомализода Н.Э.