МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Posted by

Имрӯз, 3 ноябри соли 2023 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ дар мавзӯи “Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат” баргузор гардид.

          Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд  Мирзозода П.Т. ҳусни оғоз бахшида, сараввал табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмадро ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин расонид.

         Сипас Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд  Мирзозода П.Т. қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули афкори пашқадами мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми тоҷик заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар  Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. 

            Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Бистунуҳ соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Дар охир ҳамаи кормандонро ба 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.

          Сипас судя Ниёззода М. дар мавзӯҳои “Конститутсия санади муқаддас ва сарнавиштсози миллат” ва котиби суд Сангов Ш. дар мавзӯи “Конститутсия – шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат” баромад карданд.

          Ҳамчунин дар асоси Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ба судяҳои суди иқтисодии вилоят Гулзода С.С. ва Эмомализода Н.Э. ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

        Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо таманниётҳои нек ба кори маҷлиси тантанавӣ хотима бахшиданд.