Моҳият, аҳамият ва ҷойгоҳи ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушди устувори иқтисодӣ оила

Posted by

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.

ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 таҳти №272 қабул  гардида аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад.

Бобҳо ва моддаҳои Қонуни мазкур иборат аз масоилҳои Мақомот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ваколати онҳо, Танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ («Ҷашнҳои расмӣ», «Зодрӯз», «Хатнасур», «Тӯйи домодию арӯсӣ», «Маросими дафну азодорӣ», «Маросими ҳаҷ» ва «Ҷои баргузории ҷашну маросим»), Танзими хизматрасонӣ дар ҷашну маросим, Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маҳдудият оид ба гузаронидани ҷашну маросим ва Муқаррароти хотимавӣ (ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур)

 Ба ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1). 18 июни 2008 сол таҳти №390

2). 21 июли  2010 сол таҳти №636

3). 30 майи 2017 сол таҳти №1428, 28 августи 2017сол таҳти №1461

4). 25 июни 2021 сол таҳти №1792  таѓйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

 Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мақсади қонуни мазкур тибқи моддаи 1-и ин қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– анъана- маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;

– маросим – маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муно-сибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;

– ҷашн – таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйу маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро оқилона дарк намуда, моҳи майи соли 2007 бамаврид таъкид карданд: «Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд».

Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харҷи зудтар халос кардани мардум аз ин гуна бидъатҳо ва сарбориҳои сохта, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, зарурати ташкили раёсати махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт пеш овард. Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба моддаи 23-и (Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатц) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 481-и (Риоя накардани тартиби муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, -ба шахсони воқеъи ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба шахсони мансабдор аз дусаду панҷоҳ то дусаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқц аз панҷсад то панҷсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд: «зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисоди вилояти Суғд:                                                      Азизов Ф.О.