Дар идомаи мулоқот бо фаъолони ноҳияи Спитамен намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам ҳамроҳ бо Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор муассисаву корхонаҳои ноҳия боздид намуданд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус аз қисми ҳарбии 0228 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд дидан намуда, бо шароит ва имкониятҳои сарбозон шинос шуданд. Ҳамзамон, аз гимназияи “Эҳёи маънавият”, насоси обкашии “Новая” дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд ва корхонаи коркарди пахта бо номи 25 солагии Истиқлолият боздид сурат гирифт. Ҳадаф аз ин ибтикор огоҳ шудан бо раванди фаъолият, мусоидат ба таъмини пешрафт ва ислоҳи камбудиву муаммоҳо унвон мешавад.
(Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)