Баргузории ҳамоиш ба муносибати рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Санаи 03.10.2023 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии виилят Суғд иштирок намуданд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иброз намуд, ки  забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он  ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон аз байн нарафта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

Барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.

Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои пурмазмуни хешро доир ба гиромидошти забони ширину шоиронаи миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.

Дар охир иштирокчиёни ҳамоиш андешаҳои худро оид ба ифтихор аз забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баён намуданд.