Рӯзи 25-уми августи соли 2023 дар Суди вилояти Суғд нишаст дар мавзӯи Дастовардҳои Истиқлолияти Давлатӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар ҷамъомад маърузачиён оид ба мавзӯи имрӯза баромад карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.
Тамоми сокинони кишвари ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод!
Баъди анҷоми нишаст мувофиқи Нақшаи корӣ машғулияти семинарии навбатӣ баргузор гардид. Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Ф.Ҳ дар мавзӯи “Қатъ кардани ҳуқуқи истифодабарии саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба қитъаи замин, хориҷ кардан аз узвият дар хоҷагӣ ва тартиб ба дигар шахс вогузор намудани ҳуқуқи истифодаи замин” маърӯза намуд. Раиси суд Мирзозода П.Т. вобаста ба мавзӯи мазкур хулоса дода, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал дод.