Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ ва дар амал тадбиқ намудани бандҳои Нақша чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии вилояти Суғд оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди забони давлатӣ, риоя ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Суди иқтисодии вилояти Суғд дарсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дарсҳо бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, бо ҷалби устодони баландихтисос ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари забони тоҷикӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки кормандон дар он фаъолона иштирок менамоянд.