СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – СУДЯИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ГУЛЗОДА САЙМАҲМУД            

Posted by

Бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2019 ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: “Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гуруҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм қонуну санадҳои муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ  аз доираи он мамлакатҳои  гирифтори терроризм ва экстримизм, берун нест. Гуруҳҳои тундраве, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрӯз мавҷудияти худро аз даст надода, аз давлатҳои дигар кӯшиши ноором намудани давлати орому осудаи моро мекунанд.

  Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалқӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мемонад. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” сурат мегирад. Дар қонун субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст. 

Аз 1-уми июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон дойр ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

 Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Тибқи Фармон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблагҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегия чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои. дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин зуҳурот дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
 Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).
 Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб дурӯғ, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.
Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст ба шумор меравад. Дар ҳаёти  имрӯзаи сокинони ҷаҳон  хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳимми эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *