Суҳбату вохӯрии Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А. бо сокинони шаҳри Конибодом доир ба аҳамияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии экстримизм ва ифротгароӣ, эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, пешгирии ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона ва фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022

Posted by

Санаи 12 майи соли 2023 дар бинои Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар шаҳри Конибодом суҳбату вохӯрии Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бо сокинони шаҳри Конибодом доир ба аҳамияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии экстримизм ва ифротгароӣ, эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, пешгирии ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона ва фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 баргузор гардид.

Ҳангоми вохӯри қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои хеле муҳиме, ки мавриди ташвиши ҷомеаи муосир қарор гирифтааст, ин зимни гузаронидани ҷашну маросимҳо исрофкориҳои зиёд байни мардум гаштааст. Баъзе аз шаҳрвандон дар таҷлили расму ойинҳои миллӣ ба  исрофкориҳо даст зада, шумораи шумораи даъватшавандагон ва хурокҳоро зиёд карда аз доираи қонун баромада, даст ба исрофкорию худписандӣ мезананд. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз қабули қонун изҳор дошта буданд, ки  «То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

             Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурўҳҳои ифротгаро ва тундрав дар ҷомеаи имрӯза ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои мамнӯъ ва террористӣ ҷалб ва маблағгузорӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон ин ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати имрӯзаи давлатиро дастгирӣ карда, ба зидди ин  гуруҳҳо мубориза будан аст. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонии мо мебошад. Маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои зиёд ниёз дорад. Имрўз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

       Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

        Ҳар яки мо бояд мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

       Инчунин дар анҷоми сухан оид ба ҳадафи олии давлат ва Ҳукмати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем ва аз қабули ҳар як қонунҳои қабулкунанда ва амалкунанда бохабар бошем ва амали онҳоро дар таҷриба истифода барем. Зеро надонистани қонун шахсро аз масъулият озод намекунад. Корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *