Мувофиқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими муносибатҳо вобаста ба додан, вобаста намудан ва маҷбуран қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии замин ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҳокимияти судӣ вогузор карда шудааст.
Чи тавре, ки аз таҷрибаи судӣ маълум мегардад дар вақти амалӣ намудани ин салоҳиятҳои худ аз ҷониби раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо баҳс вобаста ба замин омада, боиси муроҷиат намудани заминистифодабаранда ба суд мегардад.
Мувофиқи меъёрҳои мурофиавии Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии ин баҳсҳо аз рӯи тобеъияти идоравӣ ба суд ва Суди иқтисодӣ вобаста карда шудаанд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 28 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва замин бармеоянд, бо тартиби истеҳсолоти махсус баррасӣ менамоянд.
Дар ҳолате, ки агар санадҳои ғайримеъёрии мақомотҳои давлатӣ ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат накунанд ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вайрон кунанд мувофиқи муқаррароти моддаи 188 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон, ташкилотҳо, прокурор, инчунин мақомоти давлатӣ ва дигар шахсон метавонанд ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 35 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», шахсе, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ вайрон карда шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба суди иқтисоди оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шикоят намояд.
Дар ин маврид қайд намудан зарур аст, ки мувофиқи муқаррароти мазкур ду субъекти мурофиавӣ пешбинӣ карда шудааст
1) шахси манфиатдори ҳуқуқаш вайроншуда
2) шахси манфиатҳои қонуниаш вайроншуда.
Ба категорияи 1 шахсоне дохил карда мешаванд, ки бо санадҳои ғайримеъёрии доир ба замин ҳуқуқ вобаста ба истифодаи замин ё истифодаи саҳми замин доро гардидаанд.
Ба категория 2 шахсоне дохил карда мешаванд, ки новобаста аз он, ки онҳо дорои ҳуқуқ (вобаста ба замин) нагаштаанд, аммо бо санадҳои ғайримеъёрӣ манфиатҳои онҳо вайрон карда шудаанд.
Санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ ин санадҳои инфиродии мақомоти давлатие, ки хусусияти фарди дошта, ба шахси конкретӣ барои муқаррар намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо қабул карда шудааст.
Критерияи асосие, ки тобеъияти идорави баҳсҳоро байни суди умумӣ ва суди иқтисодӣ тақсим менамояд ин критерияи ҳуқуқи материалӣ мебошад ҳуқуқ ва манфиатҳои дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар иқтисодӣ вайроншуда.
Бинобар ин дар вақти ҳал намудани масъалаи қабули ариза ба истеҳсолоти судӣ иқтисодӣ, зарур аст, ки масъалаи тобеъияти идоравии баҳсро бо назардошти критерияи ҳуқуқи материалӣ мувофиқи муқаррароти Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии То-ҷикистон №1 аз 26.11.2009 сол “Дар бораи тобеъияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ” муайян карда шавад.
Ариза оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба суди иқтисодӣ мумкин аст дар муддати се моҳ баъд аз рӯзе, ки шаҳрванд, ташкилот аз вайроншавии ҳуқуқ ва манфиати қонунии худ огоҳ шудаанд, пешниҳод карда шавад.
Қобили зикр аст, ки пешбинӣ намудани мӯҳлати муроҷиат дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо баҳри таъмини устуворӣ ва таъминотии муносибатҳои маъмурӣ оммавӣ муқаррар гардида, гузаронидани мӯҳлат асос барои қабул накардани ариза дониста намешавад.
Масъалаи гузаронидани мӯҳлати муроҷиатро суди иқтисодӣ танҳо дар асоси ариза (дархости) шахси иштироккунандаи парванда дар мурофиаи судӣ ҳал менамояд.
Агар масъалаи гузаронидани мӯҳлати муроҷиат дар рафти баррасии парванда, дар марҳилаи маҷлиси пешакии судӣ арз карда шавад, суди иқтисодӣ бо назардошти институти қисми 8 моддаи 135 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қиёси қонун) ҳуқуқ дорад бе таҳқиқи дигар далелҳо аризаро бо ҳамин асос рад намояд.
Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ бо дархост оид ба узурнок эътироф намудани мӯҳлати гузашта муроҷиат намоянд, ки чунин дархост тибқи талаботи моддаи 116 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 190 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ва шаҳр, предмети санҷиш ва исботкунӣ дар мурофиаи суди иқтисодиӣ ин:
– санади мавриди баҳс қарор гирифта ё баъзе ҳолатҳои алоҳидаи қарори баҳснок ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
– ваколате мақомот ва ё шахсе, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардааст;
– факти амалии санади қабулшуда;
– вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳанда дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дониста мешавад.
Институти ӯҳдадории исбот намудан дар категорияи ин парвандаҳо аз категорияи истеҳсолоти даъвогӣ фарқ намуда, ӯҳдадории исботкунии мутобиқати санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии баҳсшаванда ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи мақомот ва шахсе, ки онро қабул кардааст, вогузошта мешавад, на он, ки ба зиммаи даъвогар.
Инчунин ӯҳдадории мурофиавии пешниҳоди далелҳои зарурӣ барои баррасии парванда ва қабули ҳалнома ба зиммаи мақомот вогузор мегардад.
Пас аз баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, суди иқтисодӣ дар бораи беъэтибор донистани санади ғайримеъёрӣ ё рад намудани ариза ҳалнома қабул менамояд.
Мувофиқи талаботи моддаи 191 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хулосавии ҳалномаи суди иқтисодӣ бояд:
– номи мақомот ва шахсе, ки санади мавриди баҳс қароргирифтаро қабул кардааст, ном, рақами санаи қабули он;
– номи қонун ва ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ доир ба парванда татбиқшаванда, ки ба онҳо мувофиқат доштани санади мавриди баҳс қароргирифта санҷида шудааст;
– қисман ё пурра беэътибор донистани санади мавриди баҳс қароргирифта дарҷ карда шавад.
Ҳамзамон бо санади суди иқтисодӣ мақомот ё шахсе, ки санадро қабул кардааст ӯҳдадор карда мешавад, ки ҳуқуқ ва ё манфиатҳои вайроншудаи қонунии аризадиҳандаро дар соҳаи замин бартараф намояд.
Инчунин бо муқаррароти меъёрҳои моддии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи замин ва қонунӣ ба даст овардани он муқаррар гардида, ҳуқуқи истифодаи замин бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва қонунгузории замин мумкин аст ба муомилоти гражданӣ бароварда шуда, предмети хариду фурӯш, ҳадя, гузариш ва мерос дониста шавад.
Ҳангоми тақсимнашаванда будани қитъаи замине, ки дар он бино (иншоот, иморат) мавҷуд аст, ҳуқуқи истифодаи замин ба меросгире мегузарад, ки қобилият ва хоҳиши идома додани пешбурди хоҷагиро дорад.
Пайдоиш, тағйирёбӣ ва қатъӣ ҳуқуқи истифодаи замин ба ҳуқу-қи молу мулки ғайриманқул дохил карда шуда, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” танҳо пас аз ба қайди давлатӣ гирифтани субъект ва объекти ҳуқуқи истифодабарии замин, ҳуқуқи истифодаи он пайдо мегардад.
Мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои раисону шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Ф.Ҳ.
Posted by