Санаи 26.05.2023 сол дар Суди вилояти Суғд машғулияти семинарии навбати бо иштироки роҳбарият, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар семинар баробари дигар маърӯзачиҳо судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Ф.Ҳ. дар мавзӯи “Мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин ва татбиқи муқарароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастоварандаи бо виҷдон будани заминистифодабарандагон” маърӯза намуд ва муовини раис Исмоилзода Р.А. вобаста ба мавзӯи мазкур хулоса дод.
Дар семинари машғулиятӣ кормандони дастгоҳ мувофиқи нақша иштирок намуд Котиби маҷлиси судӣ Набиев Х.А. дар мавзӯҳои “Омӯзиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастраси ба иттилоот ва фаъолияти судҳо” ва шарҳи муҳтавои ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушти устувор солҳои 2018-2028” баромад намуд. Дар охири баромадҳо дар доираи ин мавзӯҳо иштирокчиён мубоҳисаҳо намуданд.