Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун
яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину басо мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашид. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.
Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.
Қонунгузорӣ дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло ишорагардида маҳдуд нагардида, дар баробари ин, дар асоси қонунҳои дар боло зикршуда дар Тоҷикистон санадҳои сершумори зерқонунӣ ва барномаҳову нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул гардиданд, ки барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, ки барои васеъ намудани намояндагии занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, ҳукумати мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ нигаронида шуда, аз он ҷумла шумораи хайти занон-судяҳо дар ҳокимияти судӣ зиёд карда шудаанд.
Таъини занон ба ҳайати роҳбарикунандаи ҳокимияти судӣ, бо назардошти лаёқатмандӣ, сифатҳои касбӣ ва салоҳиятнокии онҳо оғоз гардид, ки дар ин самт аз ҳисоби занон-мутахассисон таъин гардидан.
Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардидаанд.
Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
Ҳамин тавр, сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз нигоҳи рушди таърихӣ, инчунин аз нигоҳи таҳаввулоти сифатӣ бо фарогирии марҳилаҳои муосир мавриди амал қарор гирифтааст. Дар омӯ зиши асосҳои назариявӣ-таърихии масоили мазкур дар мавриди муҳайё намудани механизми қонунгузорӣ оид ба амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои занон, инчунин амалияи таърихӣ, ки барои рушди қонунии муосири ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ гардида, талаботи қотеона гузошта мешавад.
Занон дар коркард ва амалинамоии сиёсати давлатӣ, таҳлил ва тадқиқоти гендерӣ нақши бағоят муҳимро мебозанд, зеро барои ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои вазъи муосири маданӣ-иҷтимоии муносибатҳои байниҳамдигарии мардон ва занон ва пешгӯи намудани пешбурд ва амалинамоии механизми такомули шуури ҷамъиятӣ дар соҳаи мӯътадилсозии муносибатҳои иҷтимоии мардон ва занон имконият фароҳам меоварад.
Татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишвар бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳила ба марҳила самаранок вусъат ёфта, ба заковати азалӣ ва нерӯ и созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар ба ҷо овардани рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ муайян гардиданд.