Нақши иҷлосияи 16-уми Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ 

Posted by

Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, воқеъан иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад.

        Замоне, ки Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуд, бисёр ҳассос буд. Дар он рӯзҳо ашхоси ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шуру қиём барпо менамуданд, гурўҳҳои ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳ қатлу куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу-мулки эшонро аз худ менамуданд. Сокинони гўшаю канори кишвар ба гумроҳӣ афтида, ҷавононро гурӯҳҳои мухталифи муқобили давлат ба ҳар роҳу восита бар зидди ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи худ мешӯрониданд. Дар он давра касе дар бораи мусолиҳа фикр ҳам намекард, манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат бахусус ҷавонон дар зери таъсири идеологияҳои гуногун ба як саргумӣ афтода буданд.

      Новобаста аз чунин ҳолат вакилони халқ тавонистанд дар чунин вазъияти пурмоҷаро Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-умро баргузор намоянд. Дар Иҷлосияи мазкур Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳануз 1 сол истиқлолият дошт, мебоист роҳбари хирадманд, мушфиқу ғамхор ва шахсе интихоб мешуд, ки вазъро ором карда, зимоми давлатдориро ба даст гирад. Сокинони кишвар таҳавуллотеро интизор буданд, ки рузгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда, онҳоро аз гирдоби ноамнӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ берун мекашид.

        Дар кишвар мардум гуруҳ-гуруҳ муқобили якдигар бархостанд, дар шаҳри сабз дигар аз кору зиндагӣ сухан гуфтан багумон буд, мардум макони аҷдодиву падарии хешро тарк намуда, рӯ ба фирор ниҳоданд, дар гӯши мардум ҷуғзҳо гӯё садо медоданд, дар дили мардум ноумедиҳо хона карда буд, ба ҷои аллаи гӯшнавози модарон тиру туфанг садо медод. Ин шодии хоинони миллат хушбахтона дер давом карда натавонист.

       Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид зеро, ки пойтахти мамлакат ба гирдобҳои хунин мубаддал гардида, ба ҷони шахсони мансабдор имкони ҳар лаҳза сӯиқасд вуҷуд дошт, аз ин хотир иҷлосия дар шаҳри мазкур, ки каме амнтар буд доир гардид. Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик шахси сарсупурдаи миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардид. Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.

      Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддуновар, дорои таърихи бузург ва фарҳанги мешиносанд, қадр ва ҷойгоҳи намоёнро бо ташабускориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол намудааст.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

        Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

         Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

          Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

          Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд.

        Дар татбиқи нақшаҳои муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз мегузорем. Дар Ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ эҳё гардида, сохтмонҳои азими аср ба монанди роҳҳои мошингард, нақбҳо, нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, барқарор намудани садҳо пул, бунёди муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии шаҳрвандон, фароҳам сохтани заминҳои нав ва нақшаҳои аз бунбасти комуникатсиони баровардани Тоҷикистон, далели бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик аст, ки аз Иҷлосия.

     Мо кормандони ҳокимияти судии мамлакат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ, қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

      Дар фарҷоми сухан ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин ҷашнҳои бузургу муқаддас табрику муборакбод намуда, бахту саодат ва осудагию оромиро таманно дорам.

    Судяи Суди иқтисодии

        вилояти Суғд                                                           Гулзода С.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *