ИНСТИТУТИ БЕ БАРРАСӢ МОНДАНИ АРИЗАИ ДАЪВОГӢ

Posted by

Қайд намудан ба маврид аст, ки муҳокимаи судӣ дар суди зиннаи аввал бо моҳиятан баррасӣ намудани парванда ва қабул намудани ҳалнома ба анҷом мерасад.

Институти бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) ҳам яке аз намудҳои ба итмом расидани муҳоки-маи судӣ дар суди иқтисодӣ бе қабул намудани ҳалнома дониста меша-вад.

Дар моддаи 147 ва 148 КМИ ҶТ асосҳо ва тартиби бе баррасӣ мон-дани даъво (ариза) аниқ дар 8 намуд муқаррар карда шуда, васеъ тавзеҳ додани он (асосҳои дигар) ғайриимкон мебошад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи мазкур суди иқтисодӣ аризаи даъ-вогиро (аризаро) бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кардан… – яъне, қонунгузор дар ин маврид муқаррар намудааст, ки ари-заи даъвогиро (аризаро) судя танҳо дар ҳолати қабул намудан ба истеҳ-солоти судӣ ва оғоз намудани парванда (мод. 126 КМИ ҶТ), бе баррасӣ монда метавонад. (инчунин ин институт дар марҳилаи кассатсионӣ мета-вонад татбиқ карда шавад)
Татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ вобаста ба бе баррасӣ мондани ари-заи даъвогӣ асосан баҳри бартараф намудани камбудиҳои пас аз қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ошкоршуда татбиқ мегардад.
Бинобар ин, ки бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) ба ҳу-қуқҳои иштироккунандагони парванда таъсир мерасонад (асосан ариза-диҳанда) қонунгузор асосоҳои бе баррасиро аниқ муқаррар намуда, асос-ҳои дар моддаи 147 КМИҶТ пешбнишуда набояд васеъ тавзеҳ дода ша-ванд.
Ҳар як асоси бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) бояд бо баромади тарафҳо (иштироккунандагони парванда), бо далелҳои хаттӣ ва ғайра тасдиқ карда шавад. (мод. 64 ва 65 КМИ ҶТ)
Маълум ва тасдиқ намудани асосҳои бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) ин яке аз намудҳои мубоҳисаи тарафҳо (иштироккунан-дагони парванда) буда, аз ҷониби онҳо бо баромади худ, далелҳои хат-тии аз ҷониби суди иқтисодӣ эътирофгардида, бояд тасдиқ карда шавад. Лекин муайян намудан ва татбиқ намудани асосҳои бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ низ бо таҳриқи суди иқтисодӣ татбиқ намояд.
Масъалаи бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ аз ҷониби суди иқти-содӣ дар муҳокимаи судӣ ҳал карда мешавад, аммо дар баъзе мавридҳо мумкин аст, ки тибқи талаботи моддаи 135 (қ.6) КМИ ҶТ дар маҷлиси пешакии судӣ ҳал карда шавад.
Қонунгузор (КМИ ҶТ) муқаррар намудааст, ки ҳангоми мавҷуд бу-дани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононда шавад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 147 КМИ ҶТ суди иқтисодӣ ари-заи даъвогиро бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кар-дан муқаррар кунад, ки: дар истеҳсолоти суди иқтисодӣ, суди юрисдик-сияи умумӣ, суди ҳакамӣ оиди баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳа-мон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад.
Дар ин маврид аз ҷониби судя (суди иқтисодӣ) бояд ба назар дошта шавад, ки ин ҳолат аз асосҳои қатъ намудан фарқият дошта, дар ҳолати дар истеҳсолоти суди иқтисодӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад, аризаи даъвогӣ метавонад бе баррасӣ мононда шавад, на он, ки қатъ карда шавад. (фарқият дар моҳиятан ҳал нагардидан ва қабул нашудани санади судӣ доир ба ин баҳс мебошад).
Дар ин маврид ҳам институти мубоҳисаи тарафҳо (иштироккунан-дагони парванда) амали гардида, ҳолатҳои дар истеҳсолоти суди иқтисо-дӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оиди баҳси байни ҳамон шах-сон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо мавҷудияти парванда бояд бо баромади тарафҳо, далелҳои хаттӣ, тасдиқ карда шавад.

Сархати 2 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар даъвогар тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳсро бо ҷавобгар риоя накардааст, агар он тибқи қонун ё шартнома пешбинӣ шу-да бошад.

Риояи тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдаро-рии баҳс бо ҷавобгар (шахсони манфиатдор) бисьёртар дар баҳсҳое, ки аз муносибатҳои гражданӣ баромада, (дар вақти бастан, иҷро намудан ва қатъ намудани шартнома) пешбинӣ гардида, аз он ҷумла дар қонунгузо-рӣ ва санадҳои зерқонун муқаррар карда шудаанд.
Масъалан: дар вақти пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ оид ба рўёнидани маблағи қарзӣ, агар дар шартномаи қарзӣ муқаррар гардида бошад, ки «…тартиби ҳаллӣ баҳс байни тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешавад ва дар ҳолати ҳал нашудани он байни тарафҳо…» даъвогар наметавонад бе риояи чунин шарти шартнома ба суд бо даъво муроҷиат намояд. Ё агар талаби даъво оид ба басташуда эътироф наму-дани шартнома буда, ҷавобгар аз ба расмият даровардани он саркаши намояд, ба даъвогар зарур аст, ки пеш аз ба суди иқтисодӣ муроҷиат на-мудан, муроҷиати худро оид ба бастани шартнома ва мўҳлати онро му-айян намуда, ба ҷавобгар ирсол намояд ва дар ҳолати саркаши намудан, баъдан ба суди иқтисодӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.
Дар ҳолати маълум намудани ҳолати мазкур аризаи даъвогӣ мета-вонад мувофиқи сархати 8 қ. 2 мод. 124 ва 127 КМИ ҶТ беҳаракат мо-нонда шавад ё агар дар рафти мурофиаи судӣ маълум карда шавад муво-фиқи сархати 2 мод. 147 КМИ ҶТ асос барои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ дониста мешавад.
Лекин дар ин ҳолат ҳам дарназар бояд дошт, ки институти мубоҳи-саи тарафҳо (иштироккунандагони парванда) амали гардида, асосҳои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) аз ҷониби суди иқтисодӣ, во-баста ба факти риояи нагардидани тартиби иддао ё дигар тартиби пеш-азсудии батанзимдарории баҳс бо ҷавобгар аз ҷониби даъвогар, пешби-ни гардидани он бо шартнома ва қонунҳо бояд бо баромади тарафҳо, да-лелҳои хаттӣ муайян карда шавад. Инчунин ҳолати мазкур метавонад низ бо ташаббуси суди иқтисодӣ татбиқ карда шавад.
Лекин қайд намудан ба маврид аст, ки чунин ҳолат (талаботи пеш-азсудӣ) агар аз мадди назари судя дар вақти ҳал намудани қабули ариза дур монда, истеҳсолот оғоз шуда бошад, бояд дар рафти омодасозии пар-ванда тибқи талаботи моддаи 135 КМИ ҶТ санҷида шавад.
Дар ҳоле, ки агар ин масъала аз ҷониби ҷавобгар дар рафти муҳо-кимаи судӣ бардошта шуда, асос барои кашолкории баррасии парванда гардида бошад, муайян гардад, ки ин кашолкорӣ низ то айби ҷавобгар ба миён омадошад ва ҷавобгар нияти ҳал намудани баҳсро бо чунин тар-тиб надошт, суди иқтисодӣ баҳри поймол нагардидани ҳуқуқ ва манфи-атҳои дигар иштироккунандагони парванда, ҳуқуқ дорад парвандаро мо-ҳиятан баррасӣ намояд.

Сархати 3 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар ҳангоми баррасии ариза дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум гардад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ пайдо шудааст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти қ. 4 мод. 201 КМИ ҶТ дар ҳолате, ки агар дар рафти муҳокимаи судии парванда дар бораи му-қаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум шавад, ки баҳс оид ба ҳуқуқ пайдо шудааст, суди иқтисодӣ аризаро дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бе баррасӣ мононда, дар ин бора таъинот мебарорад.

Дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ ба аризадиҳанда фаҳмонда дода шавад, ки ҳуқуқи ў ва дигар шахсони ба парванда манфиатдор оид ба ҳал кардани баҳс аз рўи тартиби истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда ша-вад.

Яъне, қонунгузор муқаррар намудааст, ки пеш аз моҳиятан баррасӣ намудани ариза оид ба муқаррар намудани факти аҳамияти ҳуқуқидош-та, аз ҷониби тарафҳо бояд баҳси пайдогардида бо истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда шуда, баъдан аризадиҳанда ҳуқуқ дорад такроран ба суди иқ-тисодӣ бо ариза оид ба муқаррар намудани факт муроҷиат намояд. (мод. 148 КМИ ҶТ)

Сархати 4 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар талаботе пешниҳод шуда бошад, ки он мутобиқи қонун бояд дар парванда оид ба муфлисшавӣ баррасӣ гардад.

Дарназар бояд дошт, ки мувофиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», аз лаҳзаи қабули ариза оид ба муфлис эътироф на-мудани қарздор, ҳамаи баҳсҳо бояд бо тартиби қонунгузорӣ оид ба муф-лисшавӣ ҳал карда шаванд (дар рафти баррасии парванда). Агар дар рафти баррасии аризаи даъвогӣ (ариза) дар суди иқтисодӣ маълум карда шавад, ки талаботе пешниҳод шудааст, ки он мутобиқи қонун дар пар-ванда оид ба муфлисшавӣ бояд баррасӣ гардад, бо татбиқи сархати 1 мод. 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогӣ (ариза) бе баррасӣ мононда шуда, ба даъвогар (аризадиҳанда) фаҳмонда дода мешавад, ки бо тартиби Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» ба парвандаи дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муроҷиат намояд.

Сархати 5 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар созишномаи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ мавҷуд бо-шад, агар ҳар кадоме аз тарафҳо на дертар аз рўзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ баён намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар ку-над, ки ин созишнома беэътибор мебошад, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад, аризаи даъвогӣ (ариза) тибқи талабо-ти моддаи сархати 5 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар рафти баррасии парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ бояд маълум карда шавад, ки оё созишномаи тарафҳо дар бо-раи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ мавҷуд мебошад ё не, тараф-ҳо на дертар аз рўзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ баён кардааст ё не, оё созишномаи мазкур беэътибор шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад ё не.

Дар ин ҳолате, ки агар суди иқтисодӣ маълум кунад, ки созишно-маи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ беэъти-бор дониста шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад (қувваи худро гумнакардааст), суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро (аризаро) бе баррасӣ намемонад ва моҳиятан баррасии парванда давом дода мешавад.

Ҳангоми маълум намудани баёни тарафҳо дертар аз рўзи пешниҳо-ди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, парванда бояд моҳиятан дар суди иқтисодӣ баррасӣ карда шавад.

Сархати 6 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар тарафҳо дар бораи ба истеҳсолоти суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар ҷараёни муҳоки-маи судӣ то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда моҳиятан анҷом меёбад, созишнома баста бошанд, агар ҳар кадоме аз тарафҳо аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ изҳор намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар ку-над, ки ин созишнома беэътибор аст, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳияти институти сархатҳои 5 ва 6-и мод. 147 КМИ ҶТ монанд буда, аммо онҳо бояд фарқ карда шаванд. Зеро, фар-қияти сархати 5 ин мавҷудаияти созишнома то пешниҳоди аризаи даъво-гӣ ба суди иқтисодӣ ва фарқияти сархати 6 ин дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ баста шудани созишнома мебошад.

Дар ин маврид ҳам институти мубоҳисаи тарафҳо амал намуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ дар рафти баррасии парванда бояд мавҷудияти созишномаи тарафҳо дар бораи ба истеҳсолоти суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ басташуда, мав-ҷудияти изҳори норозигӣ бо ҳамин асосҳо нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, эътибории созишнома, дар қувваи амал будани он ва имконпазирии иҷрои он бояд муайян карда шавад.

Сархати 7 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар аризаи даъ-вогӣ имзо нашуда бошад ё шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кар-дани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Қайд намудан зарур аст, ки муқаррароти мазкур татбиқ карда ме-шавад аз ҷониби суди иқтисодӣ дар ҳолати аз мадди назар дур мондани талаботи моддаи 125 КМИ ҶТ (шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза) ва ҳуҷҷатҳои замимашаванда)

Ин институт аз 2 қисми иборат буда, аз ҷониби судяҳои суди иқти-содӣ дар вақти татбиқ намудани сархати мазкур бояд фарқ карда шавад: 1-ум аризаи даъвогӣ имзо нашуда бошад ва 2-юм шахсе имзо карда бо-шад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Дар ҳолати 1 – мавҷуд набудани имзои даъвогар дар аризаи даъво-гӣ мувофиқи муқаррароти қ.1 мод. 124 КМИ ҶТ асос барои беҳаракат мондани аризаи даъвогӣ (ариза) дониста мешавад. Ҳамзамон набудани имзои аслии даъвогар (аризадиҳанда) дар аризаи даъвогӣ мавҷуд набу-дани иродаи даъвогар вобаста ба даъво аз ҷониби суди иқтисодӣ эъти-роф гардида, баррасии парванда ғайриимкон мебошад, ки асос барои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ дониста мешавад.

Ҳолати 2 – шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад. Дар назар бояд дошт, ки мувофиқи талаботи КМИ ҶТ шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза) дар моддаҳои 124, 189 ва ғайра муқаррар гардида, қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) бояд дар шакли хаттӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод гардида, бояд аз ҷониби даъвогар ё намояндаи ваколатдори ў имзо карда шавад.

Тибқи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ (моддӣ) ва қонунгузории мурофиавӣ 4 намуд субъектони даъво (ариза) муқаррар карда шудаанд: шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мақоми шахси ҳуқуқиро на-доранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нес-танд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 26 КМИ ҶТ, судҳои иқтисодӣ пар-вандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пеш-биникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрван-доне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд – ташки-лотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамояд.

Масъалан: аризаи даъвогӣ (ариза) аз ҷониби намоянда имзо гарди-да, аммо ба ин шахс ваколатнома дода нашудааст ё дар вақти имзо наму-дан эътибори қонунии худро гум намудааст. Дар ин маврид ҳолати маз-кур тибқи талаботи сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ ҳамчун аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе имзо шудааст, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт эъ-

тироф карда шуда, бе баррасӣ монда мешавад.

Тибқи талаботи Кодекси граждании ҶТ (шахси ҳуқуқӣ), Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъ-улияти маҳдуд» ва ғр. муқаррар шудааст, ки ҷамъиятҳои мазкур ё ташки-лотҳои давлатӣ ҳамчун шахси ҳуқуқи – субъекти алоҳидаи хоҷагидор до-ниста шуда, дар суд ва суди иқтисодӣ доир ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худ ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад карда метавонанд. Инчунин тибқи қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои зерқонунӣ муқаррар карда шудааст, ки аз номи ҷамъият (ташкилот) Раис, Директори генералӣ ё Директор ба-ромад менамояд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 60 КМИ ҶТ, ваколатҳои роҳбаро-ни ташкилотҳо, ки аз номи ташкилотҳо дар доираи салоҳияти бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии пешбинишуда амал мекунанд, бо ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо ба суди иқтисодӣ пешни-ҳодшаванда, ки вазъи хизматии онҳоро муқаррар менамояд, инчунин бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тасдиқ мегарданд.

Дар ин маврид дарназар бояд дошт, ки дар вақти тартиб додани аризаи даъвогӣ (ариза) ва имзо намудани он бояд мақоми мансабии шах-си ваколатдори имзокарда, мувофиқи қонун муқарраршуда, ному насаби он бояд нишон дода шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани талаботҳои мазкур, низ аризаи даъвогӣ (ариза) метавонад бе баррасӣ монда шавад.

Сархати 8 моддаи 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононад шавад, агар даъвогар такроран ба маҷлиси суди иқтисодӣ ҳозир нашуда бошад ва дар бораи бе иштироки ў баррасӣ кардани парванда арз накарда бошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи талаботи моддаи 4-и КМИ ҶТ, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳу-қуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қону-нии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат на-моянд.
Дар асоси моддаи 126 ва 132 КМИ ҶТ дар ҳолате, ки аризаи даъво-гӣ (ариза) ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ қабул карда шавад, амалҳои омодасозии парванда оғоз гардида, тибқи талаботи моддаҳои 134, 135 КМИ ҶТ гузаронида мешаванд. Тарафҳо (иштироккунандагони парван-да) оид ба вақт ва маҳаллӣ омодасозӣ ва баррасии парванда бо фиристо-нидани санадҳои судӣ, даъватномаи судӣ, барқияи алоқавӣ ва барнома-ҳои муоширати электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Дар рафти омодасозӣ ва баррасии парванда ба тарафҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии онҳо ва оқибати исти-фода накардан ё иҷро накардани онҳо фаҳмонда дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки шахсони иштироккунандаи парванда аз ҳуқуқ-

ҳои мурофиавии худ бояд бовиҷдонона истифода намоянд ва суйистифо-да аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи КМИ ҶТ мегардад. Тарафҳо ўҳдадориҳои мурофиавии муқаррарнамудаи КМИ ҶТ ва дигар қонунҳо ё ба ўҳдаи онҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ тибқи Ко-декс гузоштаро ба зимма доранд.

Бинобар ин баҳри тарбияи мурофиавии тарафҳо қонунгузор дар моддаҳои 16 (қ.3) ва 40 (қ.5) муқаррар намудааст, ки иҷро накардани та-лаботҳо ва ўҳдадориҳои мурофиавӣ аз ҷониби шахсони иштироккунан-даи парванда боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур мегар-дад.

Мувофиқи муқаррароти қ. 10 мод. 120 КМИ ҶТ, аз ҷониби қонун-гузор ба зиммаи шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба ву-ҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо ба-рои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор гардида-аст.

Яке аз намудҳои ҷавобгарӣ (характери тарбиявӣ дошта) ин бе бар-расӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) дар ҳолати такроран бе сабабҳои узурнок ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ба маҷлиси судӣ ва пешниҳод накардани ариза оид ба баррасӣ намудани парванда бе ишти-роки ў, дониста шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки баррасӣ намудани парванда бе иш-тироки даъвогар (ариза) бо розигии ҷавобгар танҳо дар ҳамон ҳолат дар муҳокимаи судӣ иҷозат дода мешавад, агар муҳокимаи судӣ оғоз гарди-да, даъвогар оиди асоснокии талаби даъвои худ баромад намуда бошад. (баҳри вайрон нашудани мубоҳиса ва исбот намудани асоси талаби даъ-во, мод. 64 КМИ ҶТ)

Дар мавриде, ки суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемо-над, ба суди иқтисодӣ зарур аст, ки ҳолатҳои ба тариқи дахлдор огоҳ шу-дани ҷавобгарро (мод. 120 КМИ ҶТ) санҷиш намояд.
Асоси такроран ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ба маҷ-лисҳои судӣ бояд пай дар пай ҳам буда, дар ҳолати як маротиба ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ҳамчун такроран ҳозир нашудан до-ниста намешавад.
Инчунин қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 148 КМИ ҶТ дар мавриди бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ истеҳсолоти парванда бо баровардани таъинот анҷом меебад.
Барои он, ки бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ ин як намуди ба итмом расидани мурофиаи судӣ бе қабули ҳалнома дониста шудааст, дар ҳамин хусус қонунгузор муайян намудааст, ки санади дар шакли таъинот бароварда мешавад.

Дар таъинот суди иқтисодӣ асосҳои бе барраси мондани аризаи даъвогиро (аризаро) дарҷ менамояд, ҳамчунин масъалаи аз буҷети давла-тӣ баргардонидани боҷи давлатиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи сар-хати дуюми қисми 1 моддаи 147 КМИ ҶТ ҳал менамояд (талаботи пеш-азсудӣ).

Дар назар бояд дошт, ки ҳамчун дигар санадҳои судӣ, таъинот дар бораи бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ бояд асоснок карда шавад. Ғайр аз ҳолатҳои умумӣ, дар таъинот бояд аниқ хулосабарории суди иқ-тисодӣ оиди бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ бо асосҳои дар сархат-ҳои моддаи 147 КМИТ ҶТ муқарраршуда нишон дода шавад.

Дар ҳолате, ки агар сабаби бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) риоя нагардидани тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳс бо ҷавобгар аз ҷониби даъвогар дониста шавад, дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ бояд ҳатман масъалаи аз ҳисоби бу-ҷети давлатӣ баргардонидани боҷи давлатӣ тибқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳал карда шуда, дар санади судӣ дарҷ карда мешавад.

Нусхаи таъиноти суди иқтисодӣ мутобиқи талаботи моддаи 182-и КМИ ҶТ дар шакли хаттӣ бо баровардани санади судии алоҳида баро-варда шуда, нусхаи он ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристо-нида мешавад.

Дар назар бояд дошт, ки таъинот дар бораи бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ метавонад дар мўҳлат ва тартибе, ки дар КМИ ҶТ пеш-бинӣ карда шудааст, дар судӣ марҳилаи кассатсионӣ (эътибори қонунӣ пайдонакарда) ё назоратӣ (эътибори қонунӣ пайдонамуда) мавриди ши-коят қарор гирад.

Пас аз бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавӣ ва моддӣ ба миён омада, тибқи талаботи моддаи 148 КМИ ҶТ даъвогар ҳуқуқ такроран ба суди иқтисодӣ бо ҳамин баҳс, бо ҳамин асосҳо ва нисбати ҳамон шахсон (субъектон) муроҷиат намояд, аммо ин ҳуқуқи ў танҳо пас аз иҷро намудани ўҳдадориҳои мурофиавӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳое, ки асоси бе баррасӣ гаштаанд, пайдо мегардад.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                             Ф.Ҳ. Хоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *