Дар замони Истиқлолият таваҷҷуҳ ба ҷавонон зиёд гардид 

Posted by

Истиқлолият беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи бебозгашти навсозӣ ва шукуфоиро ихтиёр намудааст.

Бояд гуфт, ки рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои мушаххаси созандагиву бунёдкории ҳамешагиро пеш мегузорад, ки мақсади ниҳоии он беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ба шумор меравад. Имрӯз навсозию бунёдкорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – барномаҳои иҷтимоӣ, судӣ-ҳуқуқӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, фарҳанг, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба хубӣ эҳсос гардида, меъёрҳои муосиртарин дар ин самтҳо амалӣ карда мешаванд.

Имрӯз барои дараҷаҳои сифатан нави некӯаҳволии сокинони мамлакат таҳкурсии муқтадир гузошта шудааст. Барои амалисозии ин нақшаҳо, пеш аз ҳама, мутахассисони баландпоя, кадрҳое заруранд, ки афкору андешаҳои наву замонавӣ дошта бошанд. Ин вазифа дар навбати аввал ба зиммаи ҷавонони тоҷик, насле, ки имрӯз фаъолона ва устуворона барои бунёди ояндаи дурахшони кишвари худ заҳмат мекашанд, вогузор гардидааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам месозанд.

Дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ Роҳбари давлат иброз дошта буданд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонони мо чолоку тавонманд, дорои иқтидорҳои бузурги зеҳнӣ ва билохира дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ мебошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат пайваста дар мулоқоту суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд тамоми масъулиятро нисбат ба халқи худ ва ояндаи мамлакат ба хубӣ эҳсос кунанд.

«Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд», – мегӯянд Сардори давлат.

Ҷавонони замони Истиқлолият бояд аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгаро ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда, бештар ба донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машѓул шаванд, дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд. Бо амалӣ кардани мақсадҳои зикршуда аз сифати донишу кордонӣ ва талошу заҳматҳои доимии ҷавонони мо Тоҷикистон миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари шинохта ва дорои обрӯву манзалати боз ҳам баландтар хоҳад гардид. Имрӯз ҷавонони мо дорои эҳсоси баланди ватандорӣ, андешаҳои солими сиёсӣ ва заковатманду созанда мебошанд ва сокинони мамлакат бо ин гуна насли ҷавони худ ифтихор доранд.

Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон намоем, ба хубӣ эҳсос хоҳем кард, ки ҷавонони тоҷик ҳамеша дар хати пеши навсозиҳо қарор гирифта, аз муборизони асосӣ дар роҳи дарёфт ва расидан ба Истиқлолият мебошанд. Ин анъанаи насли пешинаи ҷавонони тоҷик имрӯз бояд сармашқи кору пайкори насли нав бошад.

Дастовардҳои ҷавонони даврони Истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, ҳуқуқу фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти рӯзмарра хеле назаррас ба чашм мерасанд. Маҳз ҷавонон иштирокдорони чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишӣ ва инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз парчамбардорони асосӣ ва қосидони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси дунё мебошанд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз ҳамқадамони боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи пешрафта ва фарҳангиву зеҳнии замони нав мебошанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат Раисии Шӯрои миллии кор бо ҷавононро ба уҳда доранд. Зери роҳбарии Президенти мамлакат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёбанд ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми муассиру ҳалкунанда гузошта метавонанд. Насли ҷавон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намояд, ки барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи беҳтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге ба зимма дорад.

Давлатзода Толиб Шариф,

                                                                            судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *