Истиқлолият-неъмати пурарзиш ва бебаҳост

Posted by

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сиву як сол муқаддам яъне моҳи сентябри соли 1991 ба даст оварда шуд ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати шарафманди мо рӯйдоди бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик овардааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, аммо ба муроди дили нопокашон нарасиданд. Зеро ин миллати бузургро марди бузург, бохираду некқадам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ намуда, миллатро аз хатари парокандагӣ ва нестшавӣ раҳои бахшиданд.

Имрӯз ватани маҳбубамон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ қарор дошта, мардуми он зиндагии босаодат ба сар мебаранд.   

Бо шарофати истиқлолият нуфузи эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббуси кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд. Маҳз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, саноатикунии кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштаем.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст ва ба қадри ин неъмати бебаҳо ва пурарзиш-яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.   

Судяи суди

иқтисодии вилояти Суғд: 

Ниёззода М.                           

Leave a Reply

Your email address will not be published.