Ҳозирини арҷманд ва ҳамкасбони гиромӣ!
Имрӯз дар семинар машварати мо мавзӯи “Сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон . Омӯзиши барномаи компютерӣ барои таҳияи ҳисоботи оморӣ”.-ро ба Шумоён мухтасар намуда маълумот медиҳам.
Ба ҳар яке мову Шумо маълум аст, имрӯз инкишофи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқук, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайримикон аст. Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет мебошад, ки дар барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд.
Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ мутаасифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.
Актуалӣ будани масоили мазкурро дар ин мебинем:
- Дараҷаи таъминоти амнияти иттилоотӣ аз пешрафти технологӣ қафо
мемонад;
2.Истифодаи компютерҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳатмӣ мегардад;
3.Ҳоло дар ҷаҳон беш аз чандин миллиард компютер, ноутбук, планшет, смартфонҳо мавриди истифода қарор дорад, ки аксари онҳо ба Интернет пайваст буда осебпазир мегарданд;
4.Зиёда аз 70-90% маълумотҳои корхонаю муссисаҳо дар шакли электронӣ дар компютерҳо ҷойгиранд;
5.Аксари компютерҳо барномаҳои зиддивирусӣ ва таъминоти барномавӣ надоранд, ки боиси хароб гардидани системаҳои онҳо мегарданд;
6.Дар бисёр компютерҳо барнома ва системаҳои амалиётии куҳна васл гардиданд, ки кори онҳоро суст карда, боиси воридшавии вирусҳои нав мегарданд;
Таъмини амнияти иттилоотӣ ду дараҷаро дар бар мегирад:
1.Таъминоти техникӣ;
2.Таъминоти молиявӣ.
Ҳоло бешар барномаҳои «технологияи абрӣ» маъмул шуда истодаанд, ки худ аз худ дар фазои Интернет вирус ва барномаҳои зиёноварро лаҳза ба лаҳза нест месозанд, вале мутаасифона на ҳама вақт ин амалӣ мегардад.
Айни замон дар баробари мафҳуми «амнияти иттилоотӣ» инчунин мафҳуми «амнияти кибернетикӣ» низ истифода бурда мешавад. Дар аксар маврид падидаҳои мазкурро як мешуморанд, аммо чунин нест. Нишон додани тафовути ин ду масъала имкон медиҳад, ки моҳияти масъалаҳои дигари аз онҳо зоҳиршаванда ба таври дуруст муайян карда шаванд. Чунончӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ, терроризми иттилоотӣ ва кибертерроризм, экстремизми иттилоотӣ ва киберэкстремизм ба онҳо мисол шуда метавонанд.
Қобили зикр аст, ки дар таҳқиқотиолмиони Ғарб ибораҳои «Cyber safety
object» [18] ва «Cyber security object»-ро [16, 19] истифода менамоянд, ки яке ҳамчун «бехатарии объект дар фазои кибернетикӣ» ва дигаре «амнияти кибернетикии (ҳолати ҳимоятшавандагии) объект» дониста мешаванд.
Дар мавриди аввал бехатарии объекти кибернетикӣ дар назар дошта мешавад, яъне то кадом андоза объекти кибернетикӣ, аз ҷумла шабакаи интернет ва системаҳои дар заминаи он сохта ба истифода додашуда ба муҳити атроф зарару зиён мерасонанд.
Мақсад ва вазифаҳои ҳифзи иттилоот. Дар тамоми давраҳои таърихи тамаддуни ҷаҳон иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимоднок ҳамеша қадр карда мешуд ва «моли» қиматбаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар даврони мо, ки ҳаҷми иттилооти қабул ва коркардшаванда бемайлон ба боло рафта истодааст, қурби он боз ҳам зиёдтар афзудааст. Дар баробари ин, инсон доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иттилооти интиқолшаванда сари вақт, бе таҳриф, мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расад. Ҳалли ин масъала, ки ба масъалаи ҳифзи иттилоот ё амнияти иттилоотӣ дохил мешавад, ҳамеша яке аз масъалаҳои рӯзмарра буд ва боқӣ мемонад.
Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва инсон аст.
Мақсадҳои асосии амнияти иттилоотӣ инҳоянд:
ҳифзи манфиатҳои миллӣ;
таъмини ҷомеа ва шахс бо иттилооти пурра ва эътимоднок;
ҳифзи ҳуқуқҳои давлат, ҷомеа ва шахс дар қабул, истифода ва паҳнкунии иттилоот.
Объектҳои иттилоотии зерин барои ҳифз эҳтиёҷ доранд:
захираҳои иттилоотӣ;
системаҳои эҷодкунӣ, паҳнкунӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ;
зерсохторҳои иттилоотии ҷомеа — иртиботи иттилоотӣ, шабакаҳои робитавӣ, марказҳои таҳлилӣ ва коркарди додаҳо, системаҳо ва воситаҳои
ҳифзи иттилоот;
воситаҳои ахбори омма;
моликияти зеҳнӣ ва иттилооти махфӣ.
Таҳдиди иттилоотӣ. Манбаи таҳдиди иттилоотии шахс ва ҷомеаро ба омилҳои берунӣ ва дохилӣ ҷудо мекунанд.
Манбаъҳои асосии таҳдидҳои берунӣ:
сиёсати мамлакатҳое, ки дастрасии комёбиҳои ҷаҳониро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ халалдор месозанд;
«ҷанги иттилоотӣ», ки фаъолияти муҳити иттилоотиро дар мамлакат номуътадил мегардонад;
фаъолияти ҷиноятӣ, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Манбаъҳои асосии таҳдидҳои дохилӣ:
қафомонӣ аз сатҳи иттилоотонии мамлакатҳои мутараққӣ;
қафомонии технологӣ дар саноати электронии истеҳсоли техникаи иттилоотӣ ва иртиботӣ (коммуникатсионӣ);
пастравии сатҳи маърифатии шаҳрвандон, ки монеаи рушди муҳити иттилоотӣ гардидааст.
Ташаккур ба диққататон!
Маърузаи Нозир реферанти Суди иқтисодии вилояти Сущд:
Отаҷонзода М.О.