Дар оғоз аз ҷониби И.в. Раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А. ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 ахборот пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Суди иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2021 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани адолати судӣ чунин корҳоро ба сомон расонидааст.
Давоми сол 482 адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба маблағи 128687176 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 656 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 98056557 сомонӣ қонеъ гардонида шуд.
Аз ҳисоби 812 аризаҳои даъвогии (ариза, маводҳо) баррасӣ шуда 49 ададаш аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба руёнидани 90138523 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод шудааст, ки дар 34 ҳолат даъво пурра ва дар 9 ҳолати дигар даъво қисман ба маблағи 80688092 сомонӣ қонеъ, дар 5 ҳолат бо сабаби дар рафти мурофиаи судӣ даст кашидани даъвогар аз даъво ва қобили баррасӣ набудан дар судҳои иқтисодӣ истеҳсолоти парванда қатъ карда шудааст.
Дар давраи ҳисобот 1 аризаи мақомоти ҳудудии гумрук дар бораи рӯёнидани пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 50898 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, даъвои мақомоти мазкур қисман ба маблағи 40767 сомонӣ қонеъ карда шудааст.
Давоми сол теъдоди 6 аризаҳои даъвогии ба манфиати мақомоти андоз оид ба рӯёнидани 4430404 сомонӣ пешниҳодшуда баррасӣ ва дар 4 ҳолат даъво пурра, дар 2 ҳолат қисман ба маблағи 4336782 сомонӣ қонеъ карда шудааст.
Суди иқтисодии вилояти Суғд 60 адад парвандаҳои иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ, ки ба манфиати давлат оиди рӯёнидани 103715471 сомонӣ зарари аз насупоридани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар маблағҳои давлатӣ расонида шударо баррасӣ кардааст. Дар 40 ҳолат даъво пурра, дар 10 маврид даъво қисман ба маблағи 81881351 сомонӣ қонеъ ва ба ҳисоби давлат зарар барқарор карда шуда, 6 адад парвандаҳо бинобар даст кашидани даъвогар аз даъво ва қобили баррасӣ набудан дар судҳои иқтисодӣ қатъ карда шуда, 4 парвандаи дигар бебаррасӣ монда шудааст.
Чунончи: 1. Маблағи бақияи андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ – 4336782 сомонӣ; 2. Рӯёнидани маблағи хизмати обрасонӣ – 1238421 сомонӣ; 3. Истифодаи қувваи барқ – 47624903 сомонӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ 482569 сомонӣ ва ғайра.
Давоми сол 109 парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ ва аризаҳо дар 68 ҳолат пурра, 7 ҳолати дигар қисман қонеъ ва қарори раисони шаҳру ноҳияҳо беэътибор дониста шуда, дар 17 маврид аризаҳо рад, 15 ҳолат бебаррасӣ ва дар 2 маврид бо сабаби даст кашидан аз ариза қатъ карда шуданд.
Гузашта аз ин давоми соли 2021 -11 аризаи субъектони соҳибкорӣ оид ба беэътибор донистани қарорҳои мақомоти андоз баррасӣ шуда қарор-огоҳномаҳо дар 4 ҳолат пурра ва дар 4 маврид қисман беэътибор дониста шуда, дар 3 ҳолати дигар бе баррасӣ монда шуданд.
Дар соли 2021 теъдоди 36 парванда бо даъвои бонкҳо ба маблағи 45403172 сомонӣ ва 14-то бо даъвои ташкилоти қарзии хурд ба маблағи 1723550 сомонӣ баррасӣ шуданд, ки аз он 24-тоаш бо гарави амвол таъмин буданд. Аз натиҷаи баррасӣ дар 20 ҳолат даъвоҳои бонкҳо пурра, дар 8 ҳолат қисман ба маблағи 35354810 сомонӣ қонеъ шуда, даъвоҳои ташкилоти қарзӣ дар 9 маврид пурра ва 2 ҳолат қисман ба 1574198 сомонӣ қонеъ шудааст.
Дар ин давра зимни пешниҳоди даъво 714694 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шудааст. Ҳамин тавр, маблағи боҷи давлатии дар марҳилаи аввали судӣ рӯёнидашуда, бо назардошти маблағи боҷи давлатии бо ҳалномаҳои судӣ воқеан ситонидашуда 1281266 сомониро ташкил медиҳад.
Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, давоми сол маблағи боҷи давлатии аз руи ҳалномаҳои судӣ воқеан руёнидашуда ба 566572 сомонӣ баробар шуда, маблағи зарари ба манфиати давлат воқеан иҷрошуда 45876862 сомониро ташкил намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 812 парвандҳои баррасишуда 85 ададаш дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, аз тарафи судяҳои суди иқтисодии вилоят 92 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст ва дар ташкилоту корхонаҳо 93 вохуриву мулоқотҳо баргузор гардиданд.
Дар рӯзномаҳои мухталифи марказӣ ва вилоятӣ 11 адад, инчунин дар сомонаи интернетии суди иқтисодии вилояти Суғд 34 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ, маводҳои ҷамъбастӣ, иттилоот ва ғайра ба чоп расонида шуданд.
Гузашта аз ин дар суди иқтисодӣ қабули доимии шаҳрвандон, ки бо арзу шикоятҳо муроҷиат мекунанд, аз ҷумла аз ҷониби шахсони роҳбарикунанда дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шуда, дар рӯзҳои қабул муроҷиати 474 нафар ҳаллу фасл карда шудааст.