Табрикоти Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода С.С. бахшиба ба “Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ”

Posted by

       Бо камоли эҳтиром Шуморо бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ табрику таҳният менамоям.

        Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

        Албатта дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди судӣ арзи вуҷуд карда наметавонад, ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад ва аз ин рў дар ин ё он шакл низоми судии худро ҳамчун сохтори муҳим ва таркибии худ ба роҳ мемонад.

         Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сӯйистифода намояд.

          Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

         Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.

        Бо камоли эҳтиром судяи суди иқтисодии вилояти Суғд

        Гулзода С.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *