Сарҷамъӣ-Бақои миллат

Posted by

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 24 сол сипарӣ мегардад. Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсосу ифтихори баланд таҷлил менамоем. Бо имзо шудани ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва     мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар он рӯзҳо чандон осон набуд.     
            Роҳбари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буданд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфту шуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд.
Миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ буда, аз андешаи миллии тоҷикон ва нақши боризи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун воситаи муҳими бақои миллат сарчашма гирифта, ҷомеаи муосири моро ба бунёдкорӣ ва шукуфоию саодатмандӣ роҳнамоӣ мекунад. Хиради волою азалӣ, тамаддуни баланди   оламгир, гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек, ки дар раванди таърихи қарнҳо ҳамчун арзиши бебаҳои ҷовидона хизмат карда, дар андешаву омоли миллати тоҷик ҷой гирифтааст, мардуми моро аз маҳву нобудшавӣ нигоҳ дошта, дар замони мо низ   асоси ғоявии Ваҳдати миллати тоҷиконро ташкил медиҳад. Шиори умда ва илҳом бахши Сарвари давлат, ки манзури ҳамагон намуд, “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” аз ҳамин воқеияти ҳаётбахш сарчашма мегирад. Вазъи сиёсию иҷтимоии имрӯзаи ҷаҳон ба ҳамагон равшан аст. Дар ҳар гӯшаи олам гурӯҳҳои ифротӣ ва низоъбарангез рӯи саҳна омада истодаанд, ки оқибатҳои ногувори онро дида истодаем. Пӯшида нест, ки ҷавонони тоҷик ҳам ба гирдоби чунин бесарусомониҳо печида истодаанд. Дар ин маврид ташвишҳои Роҳбари давлатамонро бояд дарку эҳсос намоем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Паёми навбатиашон зимни суханрониашон дар мулоқот бо қишрҳои гуногуни кишвар дар мавриди гароиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ бо изтироб изҳори андеша намуданд.
Дар ҳақиқат авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон рӯ ба нооромӣ овардааст.
Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба вазъи иқтисодӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Бинобар ин Ҷаноби Олӣ аз ҷавонони кишвар ва умуман мардуми Тоҷикистон даъват карданд, ки пеши роҳи чунин равандҳоро бигиранд, зеро ки он оқибатҳои ногувореро дар пай дорад. Омили асосии тибқи қонун ҷашн  гирифтани рӯзи Ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан насли ҷавон ҳамеша дар ҷараёни таҷрибаву
сабақҳои гузаштаву имрӯзаи таърихи худ қарор дошта бошанд ва сабабҳои ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардидани миллати куҳанбунёду фарҳангиамонро бештару амиқтар таҳлил намоянд. Танҳо бо ҳамин васила мо таърихамонро меомӯзем ва ягонагии миллату давлатамонро эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифз менамоем. Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон ҳамаи моро ба ҳамин масъалаи ҳаётӣ ҳидоят менамояд.
Мусаллам аст, ки маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омад ва ин дастовард боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназир ва вусъатбори мо буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳарфу садои мо гӯш мекунад. Ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро мепазиранд ва барои амалӣ гардондани онҳо аз минбарҳои баланд тасмим мегиранд.
Тоҷикону тоҷикистониёнро имрӯз дар ақсои олам ҳамчун мардуми хайрандешу сулҳпарвар ва маърифатдӯст шинохтаву эътироф мекунанд. Бо иқдоми Тоҷикистон ва Раҳбари он дар масъалаи тоза нигоҳ доштани муҳити экологӣ, ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, пешгирии терроризму ифротгароӣ, ғанӣ гардондани арзишҳои миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ чандин ташаббусҳо амалӣ гардонда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мо барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи мардумамон заминаи боэътимод гузошта истодаем, вале имрӯз ҳадаф аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамон тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои оянда зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд. Барои ин зарур аст, ки ба халалдор шудани сулҳу субот ва пойдории Ваҳдат
ҳаргиз роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиамонро пайваста таҳким бахшем. Қобили зикр аст, ки мардум бо як ҷаҳон умеду орзуҳо дар роҳи густариши давлату давлатдорӣ, пешравии ҷомеаи соҳибистиқлоламон талош мекунанд, ки ин аз рӯҳияи баланду ифтихори миллӣ ва соҳибдавлатии онҳо дарак медиҳад. Воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати волои сиёсӣ надошта бошанд, дар миёни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушди босуботу тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерую имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода намоем. Арзиши муҳим ва волои таҷрибаи сулҳи тоҷикон, албатта, татбиқи ҳадафи бузурги таърихӣ – ваҳдат ва муттаҳидии миллӣ мебошад. Чунонки мебинем, имрӯз мо аз баракати сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Муҳимтар аз ҳама мо сохтори навини иқтисодиро дар амал ҷорӣ намудем, ки он ҷавобгӯи талаботи асри ХХI мебошад. Барои таъмини рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки он бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ таҳия гардидааст. Ҳамзамон бо ин, истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва аз тариқи он ба кишварҳои минтақа интиқол додани қувваи барқ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҳадафи дигари стратегияи давлат бунёди иншооти ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқи коммуникатсионӣ, пеш аз ҳама роҳҳо, туннелҳо ва пулҳо мебошанд, ки  барои тақвияти ҳамгироии миллӣ ва байналмилалӣ василаҳои ҳатмӣ ва зарурӣ мебошанд. Тавре ки маълум аст, дар марҳалаи кунунӣ авзои сиёсии ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад, хусусан, нуқтаҳои даргир, ки дар онҳо зиддиятҳои гуногун ва пеш аз ҳама низоъҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шиддат мегиранд, вазъи оламро дар ҳолати нооромӣ нигоҳ медоранд. Ин воқеият тажрибаи сулҳи моро боз ҳам арзишманд мегардонад. Зеро он пеш аз ҳама бо хусусияти созандаи худ арзиши нодир ва бебаҳои таърихӣ дорад. Истифодаи пайгирона ва масъулонаи ин таҷриба барои ҳалли низоъҳои дохилии сиёсӣ мусоидати фаъол ва самарабахш хоҳад намуд.
Дар ниҳоят таъкид кардан лозим аст, ки  Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати  миллат  мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби  мо мегардад. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намояд ва азизу пос дорад.
                      Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд                                            Қосимзода Сулаймон ОЙМАҲМАД
                            

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *