Таҷрибаи судии ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои об.

Posted by

Имруз дар толори Суди Олии иктисодии Ҷумхурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028” дар мавзуи “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ” ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумхурии Тоҷикистон , Кумитаи давлатии идораи замин ва геодези Ҷумхурии Тоҷикистон, Прокуротураи генералии Ҷумхурии Тоҷикистон, Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтарма Раис, ҳозирин ва меҳмонон қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози асри ХХI дар доираи ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлат дар соҳаи дипломатияи об дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсусро соҳиб гардида, айни замон ҳамчун як кишвари дорои захираҳои бойи обӣ-энергетикӣ шинохта шудааст.  Об яке аз омилҳои асосии мавҷудияти олам ба ҳисоб меравад ва ба ин неъмати Худодод ва сарвати бебаҳо дар кишвари мо низ арҷ мегузоранд. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иќтисодии кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони кишвар аз самараноку оќилона идора, истифода ва ҳифз намудани захираҳои обӣ-энергетикӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иќтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо ба ҳалли мушкилоти аҳолии кишвар, балки ба ҳалли ин масъалаи муҳим дар минтаќа ва сайёра тавассути идоракунии босуботи захираҳои обӣ эътибори хосса медиҳад. Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиќлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти обӣ дар сайёра зиёд намуданд. Ба ҳалли масъалаҳои минтақавӣ дар соҳаи об ба усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба истифодаи одилонаю оқилона ҷонибдор буда, пайваста ҳамчун ташаббускори пешниҳодхо, тарафдори такмил додани низоми минтақавии марбут ба шабакаҳои идоракунии муштараки захираҳои об баромад мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об, дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1999 дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни суханронии худ пешниҳод карда буд, ки ба ақидаи мо вақти он расидааст, ки тавваҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масалъаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад. Тоҷикистон ба ин мақсад пешниҳод менамояд, ки соли 2003 “Соли байналхалқии об” эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябр соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” эълон карда шуд.

Бо таваҷҷўҳ ба ташаббусҳо дар соҳаи об СММ бо нишони ќадронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об», ки дорои 12 аъзо, аз ҷумла 11 роҳбари мамлакатҳои ташаббускор дар соҳаи об мебошад, пазируфт.

Ба маќсади ҳалли сариваќтии мушкилоти обӣ дар кишвар «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ќабул карда шуд, ки бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ гардидааст. Баҳри татбиќи чорабиниҳои пешбининамудаи ин Барнома Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд корҳои мушаххасеро ба анҷом расонид ва татбиќи самарабахши он идома дорад.  

Кишвари мо минбаъд дар тамоми нишасту ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар масъалаҳои об баргузор мегарданд, иштирок менамояд. Бо роҳи муколама тарҳҳои обӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии худро бо истифода аз майдонҳои васеи байналмилалӣ ба иҷро расонда, дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ нақши худро мегузорад ва ба ин васила мавќеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ  боз ҳам устувор мегардад. Маҳз бо шарофати кишвари мо  мавзӯи “ОБ” ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дахл гардид. Маҷмаи умумии СММ пас аз натиҷагирӣ аз соли байналмилалии оби тоза, ки он ҳам бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, бар асоси иттифоқи назар бо тарафдории 141 кишвар, яъне аз се ду ҳиссаи аъзои СММ Қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии фаъолият “Об барои ҳаёт” (2005-2015)”-ро баррсӣ қабул намуд. Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масъалае мебошад, ки вобаста ба аҳмияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин русто ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об ба манфиати халқҳо ва кишварҳо бидуни зарар овардан ба табиат ва муҳити зист аҳмияти калон дошта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҷиддӣ ёфтанд, ки ин ибтикорҳо дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмиллалӣ ҳамовозии самимона пайдо намудаанд. Бо назардошти ин нуқта Сарвари Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои гуманитарии масъала ишора намуда, таъкид сохт, ки “Ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд”.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти об назари фарогир дошт, ки дар форумҳои байнлмиллалӣ пайгирона пешниҳод мешуданд ва мақсад аз он ҳарчи бештар коҳиш додани мушкилоти ҷойдошта буд. Саҳми Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати обӣ-энергетикии кишвар басо ҷолибу назаррас мебошад. Дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.

Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад монд ва ба ин васила дар тамоми нишасту ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар масъалаҳои об баргузор мегарданд, иштирок намояд. Бо роҳи муколама тарҳҳои обӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии худро бо истифода аз майдонҳои васеи байналмилалӣ ба иҷро расонда, дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ нақши худро гузорад ва ба ин роҳ мавќеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардонад. Инчунин, ин имконият медиҳад, ки диќќати сармоягузорон ба Тоҷикистон бештар гардад. Чи тавре, ки дар рафти таҳлилҳо маълум гардид, дар мавриди самаранок амалинамудани консепсияи 10/10/10/10, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 {саҳ. 90} ба нақша гирифта шудааст, дар назар аст, ки кишвари мо имконияти таъмини минтаќа, кишварҳои Афғонистону Покистон ва ќисмати Ҳиндустонро бо нерӯи барқ таъмин намояд. Дар ин ҷо ќайд кардан зарур аст, ки алакай инфрасохтори мавҷуда барои содир намудани нерўи барқ ба кишвари Афғонистон мавҷуд аст ва бо амалӣ шудани лоиҳаи САSА-1000 ва дигар лоиҳаҳо Тоҷикистон имконияти бештари интиқоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро пайдо менамояд ва дар қатори кишварҳои бузурги содиркунанда дар бозори энергетикии Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ соҳиби мақом мегардад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чун пештара дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд.

 Маҳз ба ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, дар чорчӯбаи форуми 7-уми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта изҳори иттило намуд, ки эҳдо намудани даҳсолаи нави байналмилалӣ об баҳри рушди устувор марбут ба об хоҳад дошт.  

Ҳамаи ин дастовардҳо дар самти рушди соҳаи обу-энергетика ва мувафаќиятҳо дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз самараи Истиќлолият мебошанд ва миллати тоҷик дар фазои софу беѓубори ваҳдату ягонагӣ рўз аз рўз дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аз ҷумла; Истиќлолияти комили энергетикӣ, ќадамҳои устувор мегузорад. Боварии комил дорам, халќи мо таҳти сиёсати арзандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав муваффаќ хоҳанд шуд. Бояд қайд, ки Сарвари Тоҷикистони мо тавонист тавассути мавқеи фаъолонаи худ тавваҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ва пешравии назаррас ҷихати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани саъюу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд.

Тибқи талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки руӣрост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

   Аз муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Об, чоҳҳои амудӣ ва иншоотҳое, ки вобаста ба об алоқаманданд, ҳамчун моликият мавриди харидуфурӯш ва хусусигардонӣ қарор дода намешаванд ва баҳсҳое, ки аз муносибати вобаста ба об бармеоянд тартиби баррасии пеш аз судӣ дошта, ҳалли баҳсҳо оид ба об, ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва маќомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мебошанд.

Суди иқтисодии вилояти Суғд таҷрибаи судии ҳалли баҳсҳоро оид ба масъалаи об дар давмои се соли охир солҳои 2018 ва 2020 мавриди мавриди омӯзиш қарор дод, ки омӯзиш ва таҳлил нишон дод, ки суди иқтисодӣ фаъолияти худро тибқи қонун ба роҳ монда, адолати судиро дар қаламрави вилоят таъмин менамояд.

Мувофиқи ҳисоботи омории суд дар соли 2018 ба суди иқтисодии вилояти Суғд 8 даъво ба маблағи умумии 237201 сомонӣ, аз ҷумла 1 даъво аз тарафи прокурори вилояти Суғд ба манфиати манфиати Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ба маблағи 62804 сомонӣ, 6 даъво аз тарафи Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд ба маблағи умуми 109611 сомонӣ ва 1 даъво аз тарафи Хуҷанд обу канал бо маблағи 64786 сомонӣ, ки дар 4 ҳолат даъвоҳо пурра, дар 3 ҳолат қисман, дар 1 ҳолат рад (маблағи 64786 сомонӣ) ва дар 2 ҳолат бо созиши оштӣ даъво қатъ карда шудааст. Дар соли 2019 22 адад даъвоҳо ба маблағи умумии 10 741 767 аз ҷумла 18 даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи 10 391 457 сомонӣ, 3 даъво аз тарафи Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд ба маблағи умуми 16258 сомонӣ ва 1 даъво аз тарафи Идораи беҳдошти замин ва обёрии Хоҷабоқирғон ба маблағи 334052 сомонӣ, ки дар 18 ҳолат даъвоҳо пурра, дар 2 ҳолат қисман ва дар 1 ҳолат бо созиши оштӣ даъво қатъ карда шудааст. Дар соли 2020 2 адад даъвоҳо ба маблағи умумии 540 431 аз ҷумла 1 даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ба маблағи 339435 сомонӣ ва 1 даъво аз тарафи Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд ба маблағи умуми 200996 сомонӣ, ки дар ҳарду ҳолат даъво пурра қонеъ карда шудааст. Дар 5 моҳи соли 2021 бошад ба суд 2 даъво ба маблағи умуми 178730 сомонӣ, аз ҷумла 1 даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ба маблағи 146329 сомонӣ ва 1 даъво аз тарафи Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд ба маблағи умуми 32401 сомонӣ, ки дар як ҳолат даъво пурра ва дар як ҳолати дигар даъво қисман қонеъ карда шудааст.   

Вале дар баъзе маридҳо суд иншоотҳои ба об алоқамандро ҳамчун моликият мавриди баррасӣ қарор дода, бо санадҳои судӣ бегона кардааст.   

Чунончӣ парвандаи №1-334/2019 бо даъвои ҶДММ “Хуҷанд Агро 2018”-и н. Б.Ғафуров бо ҷавобгарии АИИ ба номи “Р.Набиев”-и н. Б.Ғафуров дар бораи басташуда эътироф намудани шартномаи хариду фурӯши чоҳи амудӣ бо ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Суғд аз 01.07.2019 сол даъво қонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурӯши чоҳи амудӣ, ҳамчун объекти амволи ғайриманқул аз 26.04.2019 сол байни ҶДММ “Хуҷанд Агро 2018”-и н. Б.Ғафуров ва АИИ ба номи “Р.Набиев”-и н. Б.Ғафуров басташуда эътироф карда шудааст. Баъдан ин санади судӣ аз тарафи суди болоӣ бинобар бармаҳал ва бархилофи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ қабул шудан бекор карда шудааст. 

Инчунин аз парвандаи №1-244/2020 бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ба ҷавобгарии Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обод Заврон”-и ш. Панҷакент дар бораи руёнидани қарзи истифодаи об ба маблағи 116420 сомонӣ (ариза санаи 08.06.2020 сол ворид шудааст) бармеояд, ки бо ҳалномаи суд аз 14..07.2020 сол даъво қисман қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обод Заврон”-и ш. Панҷакент ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон маблағи қарзи истифодаи об ба андозаи 77305 сомонӣ рӯёнида шуда, даъво дар қисми 39115 сомонӣ бинобар маблағ пардохт шуданаш рад карда шуда ва аз ҳисоби ҷавобгар ба манфиати давлат 1546,10 сомонӣ боҷи давлатӣ дар қисми қонеъшудаи даъво рӯёнида шуда, санаи 10.09.2020 сол варақаи иҷро ба ситонанда дода шудааст.

Зимнан вақти омӯзиши парванда маълум карда шуд, ки тибқи Оинномаи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обод”-и ш. Панҷакент ассотсиатсия ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба қайд гирифта шуда, сарчашмаи фаъолияти ташкилот ин аз рӯи пардохти аъзоҳаққи буда, мақсади он ин нигоҳ доштан, истифода намудани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва инфиродӣ қарор доранд, ҷиҳати тақсими об байни аъзоҳои он ва дигар истифодабарандагони об, ҷамъоварии ҳаққи пардохти обрасонӣ, ҳалли низоъҳои байни аъзоҳо оид ба тақсим ва истифодаи об ва дигар масъалаҳо вобаста ба об будааст.

 Аз мазмун ва муҳтавои шартномаҳои обрасонӣ байни ташкилоти обдиҳанда обгиранда ва истифодабаранда аз 11,18.02.2019 сол бармеояд, ки “Обдиҳанда” ин Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, “Обгиранда” Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обод Заврон”-и ш. Панҷакент ва “Обистифодабаранда” бошад ин хоҷагиҳои деҳқонии “Баҳром”, “Истаммурод”, “Абдуқадим”, “Ширин” ва дигар хоҷагиҳо буда, “Обдиҳанда” ӯҳдадор шудааст, ки миқдори зарурии оби полезиро ба обгиранда таъмин намояд, “Обгиранда” бошад ӯҳдадор гаштааст, ки оби ҷудошударо ба “Обистифодабаранда” расонад ва истифодаи онро назорат намуда, маблағи оби истифодашударо ҷамъоварӣ намояд. Обистифодабаранда бояд аз ҳисоби худ ҳисобкунанки об насб намояд, дар сурати насб нашудани он об ба масоҳат ва майдони киштзор дода шуда, охири моҳ дар он хусус санади дахлдор таҳия дода мешудааст. Дар сурати саривақт пардохт нашудани маблағи истифодаи об аз тарафи обистифодабаранда, обдиҳанда додани обро қатъ мекардааст.

Тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “ Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошанд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) дохил мешаванд, мустақилият ва ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи заминро нигоҳ медоранд.

Чунин иттиҳодия (ассотсиатсия)-ҳои хоҷагии деҳқонӣ бевосита фаъолияти истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзии аъзоёни худро анҷом дода наметавонад.

Ҳол он, ки мебоист бо мақсади дар оянда воқеан иҷро шудани санадҳои судӣ руёнидани маблағҳои ҳаққи истифодаи об ба манфиати давлат, шартномаҳои обрасонӣ на ин ки қолабӣ ё формалӣ байни ташкилоти обдиҳанда ва обгиранда баста мешуд, балки байни обдиҳанда Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва обистифодабаранда хоҷагии деҳқонӣ баста шуда, даъвоҳо низ аз тарафи даъвогар ва ё прокурор танҳо нисбати обистифодабаранда- хоҷагиҳои деҳқонӣ ба суд пешниҳод мешуд, дар он сурат иҷрои санадҳои судӣ воқеан таъмин мегардид.

Зеро обистифодаранда- хоҷагии деҳқонӣ субъекти соҳибкорӣ буда, он ба истеҳсол, коркард, нигоҳдошт ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замин сару кор дошта, имконияти воқеан пардохти маблағи истифодаи обро дорад.   

Вале таҷрибаи судӣ нишон дод, ки даъвоҳо аз тарафи прокурор ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд танҳо нисбати обгиранда ё иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ба суд пешниҳод шуда, обистифодабаранда хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кор ҷалб нашуда, маблағи қарзи оби истифодашуда бо санадҳои судӣ аз ҳисоби он ассотсиатсияҳо ё ташкилоти миёнарави ғайритиҷоратӣ рӯёнида шудааст, ки он ассотсиатсияҳо худ на молу мулк, на сармоя ва на фаъолияти кишоварзӣ дошта, аз ҳамин сабаб санадҳои судӣ беиҷро мондаанд. 

Ба ҳамин монанд парвандаи №1-228/2019 бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳияи Зафаробод ба ҷавобгарии Ассостсиатсиаи истифодабарандагони оби “Зулол”-и н. Зафаробод дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи об ба маблағи 985461,3 сомонӣ, бо ҳалномаи суд аз 13.05.2019 сол даъво қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҷавобгар Ассостсиатсиаи истифодабарандагони оби “Зулол”-и н. Зафаробод ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳияи Зафаробод маблағи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ ба андозаи 985461,3 сомонӣ ва маблағи хароҷоти судӣ ба андозаи 19709,22 сомонӣ рӯёнида шуда, санаи 14.09.2019 сол ба ситонанда варақаи иҷро дода шудааст. Баъдан ситонанда Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳияи Зафаробод ба суд бо ариза оид ба тағйир додани тартиб ва усули иҷрои санади судӣ санаи 23.12.2019 сол оид ба он ки қарздор АИО “Зулол”-и н. Зафаробод на молу мулк ва на маҳсулот ва на амволи ғайриманқул ва на ягон дороиву техника доштан маблағи қарз аз ҳисоби 46 адад хоҷагиҳои деҳқонии тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи қарздор, ки гӯё онҳо обистифодабаранда тибқи шартномаҳои сетарафаи обрасонӣ аз соли 2018 ва санадҳо дар маҷмуъ ба андозаи 277946,58 сомонӣ қарздоранд, рӯёнида шавад. Бо таъиноти суд аз 30.01.2020 сол ариза бо асоси тартиби қонунгузорӣ оид ба гузаронидани қарз риоя нашудан ва шахсони сеюм 46 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парванда ҳамчун тараф ҷалб нашудану ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавиашон фаҳмонида нашудан рад карда шудааст. Аз маводҳои истеҳсолоти иҷро маълум шуд, ки қарздор АИО “Зулол”-и н. Зафаробод воқеан на дар бонкҳо суратҳисоб, на маблағ, на молу мулк ва на ягон техника ё воситаҳои кишоварзӣ надоштааст, бинобар ғайриимкон будани иҷроиш варақаи иҷро бе иҷро ба ситонанда баргардонида шудааст.

  Ба ҳамин монанд парвандаи №1-225/2019 бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳри Панҷакент ба ҷавобгарии Ассостсиатсиаи истифодабарандагони оби “Рузруди Панҷакент”-и ш. Панҷакент дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи об ба маблағи 478497 сомонӣ, ҳалнома аз 13.05.2019 сол, парвандаи №1-225/2019 бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳри Панҷакент ба ҷавобгарии Ассостсиатсиаи истифодабарандагони оби “Суғдиён Раҳмон”-и ш. Панҷакент дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи об ба маблағи 613997 сомонӣ, ҳалнома аз 13.05.2019 сол, парвандаи №1-240/2019 бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳияи Зафаробод ба ҷавобгарии Ташкилоти ҷамъиятии “Оби полезии Навруз”-и н. Зафаробод дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи об ба маблағи 802934 сомонӣ, ҳалнома аз 08.05.2019 сол даъво қонеъ карда шудааст. Аз маводҳои парвандаи мазкур маълум карда шуд, ки ин ташкилот низ ба монанди АОИ ҳамон роли миёнаравро иҷро карда, обро аз обдиҳанда, гирифта ба обистифодабарандаҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи рӯйхат тақсим карда, маблағи онро ҷамоварӣ мекардааст. 

Дар маҷмӯъ дар давоми ин се сол қисми зиёди ҳалномаҳои судии аз рӯи парвандаҳои бо даъвоҳои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бо даъвоҳои Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд аз тарафи иҷрочиёни суд дар асоси  зербандҳои 1,3 ва 4 банди 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба ситонандаҳо бинобар қарздорон АИО надоштани молу мулк ва маблағ бе иҷро баргардонида шудааст           

 Чунончӣ аз рӯи ҳисоботҳои омории суд ва иҷрочиёни суд маълум шуд, ки дар солҳои 2018, 2019 ва 2020 аз тарафи суди иқтисодии вилояти Суғд дар 31 ҳолат варақаҳои иҷро ба ситонанда Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба рӯёнидани маблағи умумии 10 511 906 сомонӣ барои иҷроиш ба иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Суғд ирсол гардида, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои иҷро ва андешидани чораҳои қонунӣ иҷроиши 12 адад варақаҳои иҷро ба маблағи 2 398 009 сомонӣ воқеан таъмин карда шуда, маблағ ба ситонандаҳо рӯёнида шудааст ва дар 17 ҳолат истеҳсолотҳои иҷро ба маблағи 8 005 862 сомонӣ дар асоси зербандҳои 1,3 ва 4 банди 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба ситонандагон дар асоси аризаи онҳо ва надоштани маблағу молу мулк қарздорон АИО бе иҷро баргардонида шуда, дар 2 ҳолат истеҳсолоти варақаҳои иҷро ба маблағи умумии 108 035 сомонӣ бинобар ба мувофиқаи созиш омадани тарафҳо истеҳсолоти иҷро аз тарафи суд қатъ карда шудааст. 

Бинобар ин пешниҳод менамоям, ки минбаъд барои воқеан иҷро шудани санадҳои судӣ аризаҳои даъвогие, ки аз тарафи Прокуророн ба манфиати Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ё худи ҳамон Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии Ассостсиатсиаи истифодабарандагони об ё Ташкилоти ҷамъиятии “Оби полезӣ” ба суд пешниҳод мешаванд, дар асоси талаботи моддаҳои 26 ва 126 (1) КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҷавобгар ташкилоти ғайритиҷоратӣ будан, субъекти фаъолияти соҳибкорӣ набудан, дар бонкҳо на суратҳисоб, на молу мулк, на техника, на сармоя, на ҷойи тақсимоти об, на қубури об, на обанбор, на утоқи корӣ, на бино ва на фаъолияти кишоварзӣ доштан, рад карда шаванд.

Зеро сарчашмаи фаъолияти он ташкилотҳо ин пардохти аъзоҳаққӣ ва ҷамоварии маблағи об буда, дар бисёр ҳолатҳо аз рӯи баёноти намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонии дар қабати маводҳои парвандаҳо буда бармеояд, ки он хоҷагиҳо ҳамчун обистифодабаранда маблағи обро воқеан ба АИО пардохт кардаанд, вале намояндаҳои АИО бошад маблағи ҷамъовардаро ба Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳо дастрас накарда, вақти иҷроиш баҳона пеш меовардаанд, ки АИО танҳо як муҳр доранд, онро ҳабс гузошта мусодира намоед. Аз тарафи дигар обистифодабарандаҳо-хоҷагиҳои деҳқонӣ аз масъулият дур монда, он ӯҳдадориҳои шартномавии худро иҷро накарда, ба кор ҷалб нашуда, маблағи обро пардохт намекунанд.

Инчунин пешниҳод менамоям, ки ба Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва объёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия дода шавад, ки дар оянда аз шартномаҳои қолабӣ ё формалӣ даст кашида, шартномаҳои обрасониро танҳо байни Идораи давлатии обдиҳанда ё худ Идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрӣ бо об истифодабаранда хоҷагиҳои деҳқонӣ баста, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо дар шартнома ба таври мушахас дарҷ гардида, механизми дурусти тақсимоти оби полезиро ба роҳ монда, ташкилоти миёнарав АИО-ро ҳамчун обгиранда ба шартнома тараф ҷалб накунанд.

Муовини раиси суди иҷтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А.

                                                                 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *