- Давоми соли сипарӣ ба Судӣ иқтисодии вилояти Суғд 856 аризаи даъвогй ба маблағи 132 миллиону 35 ҳазору 576 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дap 749 ҳолат баррасии парвандаҳо бо баровардани ҳалномаҳои судӣ ба маблағи 67 миллиону 582 ҳазору 289 сомоӣ крнеъ шудааст. Аризаҳо бештар вобаста ба саҳми замин, даъвои бонкӣ, даъвои прокуратура, мақомоти андоз, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ташкил медиҳад, гуфта гузаштанд зимни нишасти матбуотй раиси Суди иқтисодӣ вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода.
Аз 856 аризаи даъвогй 51 ададаш аризаи мақмоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилоти давлатию чамъиятӣ оид ба руёнидани 56 миллиону 6 ҳазору 304 сомонӣ маблағи зарар пшниҳод шудааст, ки дар 35 ҳолат пурра, дар 12 ҳолат қисман ва дар се ҳолат бинобар ба созиш омадани тарафхр баррасии парвандаҳо қатъ ва дар як маврид даъво рад шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди 4 парванда бо аризаи даъвогии Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар бораи рӯёнидани зарари ба давлат расонидашуда ба маблағи 1 миллиону 840 ҳазору 472 сомонӣ баррасӣ шуд.
Дар давраи сипарӣ Суди иқтисодӣ 85 парвандаи иқтисодиро аз рӯи даъвои мақомоти давлатӣ, ба манфиати давлат оид ба руёнидани 116 миллиону 404 ҳазору 797 сомонӣ мавриди баррасӣ кррор дод, ки асосан зарарҳо аз напардохтани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмӣ ва амсоли инро ташкилмедиҳад.