Ба маълумоти шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ дар вилояти Суғд расонида мешавад, ки санаи 04 апрели соли 2020, соати 10:00 дар суди иқтисодии вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандиӣ 181 “а” қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бинобар ин, хоҳишмандон метавонанд, ки барои қабул ба суроғаи зикргардида ҳозир шаванд.
Маркази матбуоти Суди иқтисодии вилояти Суғд