ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Posted by

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ дар истгоҳи ҳазорсолаи ҷадид башорате аз ҳузури рўзҳои босаодату лаҳзаҳои бошарофате ба ин миллату ин мардуми соҳибтамаддун таҷаллӣ рехт. Гузаштаи ақвому миллатҳои қаламрави ҳастии инсоният бозтоби ҳикматеро рўи андешаву пиндорҳои мо равшан сохтааст, ки ҳаргиз ҳеҷ истиқлоле новобаста ба моддӣ ва ё маънавӣ будан ба осонӣ дастёб намегардад ва бузургтарин қавму халқҳо дар ростои расидан ба он талошу сарсупурдагӣ ва ҷонбохтагиҳое аз худ зоҳир кардаанд. Ҳамин роҳи пурранҷ, ки мунтаҳояш ҷойгоҳи нуҳуфтаи хазинаи пурганҷи мақсуд буд, барои миллати тоҷик ҳам дар ин давраи нави таърихӣ, дар вурудгоҳе, ки ҷаҳонро ба рўйкардҳои тоза ва ҳастии пайкорҳои қудрати навин раҳнамоӣ мекард, оѓоз бо шебу фарозҳоеро рў ба рў намуд.

Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ки ин роҳи норавшан бо ҳузури мубашшири сулҳу саодат ва раҳнамояндаи Ваҳдати миллӣ дар кўтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон истгоҳи ҳақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ҳавопаймои ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳои дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд.

Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми ситораи раҳнамояндаи миллат дар он айёми тирашаб аз омадани субҳи милоди мубораки миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон – Сомониёни ориёнасл муждагонии масъуде расонд. Иҷрои рисолати бузурге, ки Сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу Ваҳдат аҳд гирифтанд, дар фосилаи панҷ сол умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид. Бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои андухта аз марҳалаи шикастанҳо ба бастану сохтанҳо Тоҷикистонро новобаста  аз кўчак будани марзу масоҳат ва камбуди шумораи аҳолӣ ба унвони як кишвар, давлат, миллат ва қаламрави бузурги мунъакискунандаи як тамаддуни бузурги дорои собиқаи тўлонии таърихӣ дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробари эҳёи олитарин арзишҳои маънавӣ, ки фурсате ба гузаштаи фаромўшӣ рафта буданд, манзалати фарҳанги тоҷиконро дар арсаи олам бо шоистагӣ муаррифӣ намуда ва аз сўи дигар ҷаҳони муосир бо тозатарин дидгоҳҳо дар шинохти ин фарҳанги бонуфуз қадам бардошт.

 

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд                                        Қосимзода  С.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *