Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имруз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳануз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурухтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф сохта, ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам оварда ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Ҳукумати кишвар низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намудааст. Ҳануз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шудаанд. Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорқ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуда, ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шурои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд. Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, ки 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шудааст. Зимни ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба талаботи Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия, ки айни замон ҳамчун меъёри комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, инчунин бо дигар санадҳои дахлдори ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аҳамияти махсус дода мешавад. Чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат бо коррупсия бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ; тадқиқотҳои муштараки сотсиологӣ, илмию амалӣ ва экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа; омузиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар самти муқовимат бо коррупсия; таҳияи чорабиниҳо ва гузаронидани амалиётҳои муштарак оид ба пешгирии коррупсия, аз ҷумла корҳои илмию таҳқиқотӣ, семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои гирд, мубодилаи иттилооту таҷриба, такмили ихтисос, омузиши таҷрибаи пешқадам, таҳия ва табъу нашри адабиётҳои илмию оммавии махсус, тавсияҳои методӣ вобаста ба масъалаҳои мубориза ва пешгирии коррупсия; бастани созишномаҳои дутарафа ва бисётарафа ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия иборатанд.
Ҳамин тавр, заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуд. Бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиьати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро қабул карда шудааст, ки ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар намуда, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатьои содир гардидани кирдори коррупсионӣ зарур шуморида шуд. Аз ин ру, кишвари мо ҳамчун узви ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия ҷиьати аз байн бурдани омилҳои бавуҷудоваранда, сари вақт ошкору бартаф намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои судманд меандешад.
Бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳануз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд. Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии мазкур яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати муайян кардан ва аз мақомот барканор намудани шахсони фасодзада тадбирҳои судманд андешанд. Лекин дар ин раванд дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва аз озодӣ маҳрум кардани шахсони гунаҳкор тамоми мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намудан ғайриимкон аст.
Дар таърихи 13 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқот доир намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасҳ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар ин вохурӣ таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъияту,ҳуқуқу озодиҳои ин ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст. Зимни таҳлилҳои амиқ Пешвои миллат, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гунна қонуншиканӣ дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хурокворӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба эктремизм, терроризм ҷалб карда, ба Прокуратураи генерасии ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда супоришҳои мушаххас доданд. Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандӣ кушиш ба харҷ дода, муқовимати шадидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзур хоҳад кард. Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем. Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Вале то ҳол содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки ин чораҳо басанда нестанд. Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд. Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.
Судяи суди иқтисодии
вилояти Суғд Ҷ.Носирӣ