Об ҳастии олам

Posted by

Қобили қайд мебошад, ки табиати Тоҷикистон аз нигоҳи таъминот бо захираҳои обӣ дар мушкилот нест.

Дар ҷумҳурии мо тамоми намуди захираҳои обӣ: оѓоз аз обҳои истифодаи техникӣ то обҳои мусаффо ва обҳои маъданӣ арзи вуҷуд дорад, ки аҳолии кишвар аз ин неъмати илоҳӣ дар танќисӣ намебошад.

Мувофиќи маълумотҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо оби нушокӣ, захираҳои дигари гидротехникӣ ва «энергияи сабз» дар ҷаҳон дар ҷои шашум ќарор дошта, сарфи назар аз ин дар ѓами халќҳои дигари сайёра мебошад.

Тибќи маълумот дар ҷаҳон таќрибан 750 миллион нафар ба оби тозаи нушокӣ ва 2,5 миллиард нафар ба шароити беҳдошти дастрасӣ надоранд, 1,3 миллиард нафар бо неруи барќ таъмин нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи аҳолӣ дар сайёра пайваста зиёд шуда, талабот ба истеъмоли об ва неруи барќ меафзояд.

Маҳз ҳамин вазъият Пешвои миллатамонро водор намудааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббуси нави башардустона муроҷиат пеш оварад.

Президенти кишвар зимни суханронӣ дар форуми об таъкид намуд, ки: «…таҳдидҳои ҷаҳонии муосир, бо шумули бўҳрони молию иќтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, таѓйири иќлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кўдак ҳанўз сафарбар намудани талошҳои мо ва ќабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд.

Бо назардошти ин пешниҳод шудааст, ки Даҳсолаи дуюми байнал-милалӣ бо шиори «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад».

Агар чанде дар сарзамини мо вобаста ба дастрасӣ ба манбахои об ягон намуд душворӣ мушохида намегарданд, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи олии заковатмандӣ ва башардустӣ буда, аз ин ҷиҳат аз жониби Созмони миллали мутаҳид ва кишварҳоиҷаҳон дастгири меёбанд, зеро ҳалли проблемаи глобалии об дар доираи як кишвар ҳал намегардад.

Дар иртибот бо ин гуфтаҳо, ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори танзими истифодаи самараноки захираҳои об намунаи ибрат ба дигарон аст.

Сараввал бояд ќайд намуд, захираҳои обӣ, вазъи ҳуќуќии об ҳамчун объекти табиат, кафолати ҳифз ва истифодаи самараноки он дар сатҳи ќонунгузорӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудаанд.

Мутобиќи меъёри Конститутсионӣ об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халќ кафолат медиҳад.

Ҳамагуна амали шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ, ки рўирост ё пинҳонӣ  ҳуќуќи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Дар меъёри Конститутсияи кишвар мустаҳкам гардидани чунин муќаррарот собит менамояд, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи самараноки фонди давлатии оби Тоҷикистон диќќати махсус зоҳир карда мешавад.

Фонди давлатии оби Ҷумњурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишѓол-кардаи онҳо минтаќаҳо ва ќитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.

Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кўлҳо, пиряхҳо, барфтўдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рўизаминӣ, инчунин минтаќаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва обҳои гарми зеризаминии дар ҳудуди он ќарордошта мансуб мебошанд.

Мувофиќи ќонунгузории соҳаи обӣ, идоракунии давлатӣ дар соњаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъмурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маќомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин маќомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об мувофиќи ќонунгузорӣ амалї карда мешавад.

Танзими давлатии истифода ва ҳифзи об нисбати субъекти муносибатҳои об истифодабарӣ равона буда, ҳама гуна шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи ќонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об ё ҳамчун субъектони муносибатҳои обистифодабарӣ шинохта мешаванд.

Мувофиќи ќонунгузории амалкунанда ҳамагуна объектҳои обе, ки дар боло ќайд гардид ба субъектони муносибатҳои истифодаи об бе ягон мамониат пешниҳод карда мешаванд.

Танҳо нисбати баъзе аз объектҳои захираи давлатии об, яъне истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст ќисман ё пурра бо тартиби муќаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

Дар доираи танзими давлатӣ –ҳуќуќии истифодаи захираҳои обӣ ва бо маќсади даќиќ муайян сохтани доираи ҳуќуќу уҳдадориҳо истифодаи захираҳои обӣ ба дунамуд: истифодаи умумӣ ва махсуси об ҷудо карда шудаанд.

Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҳом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарќ мекунад.

Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.

Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуќуќ ва ўҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.

Ҳангоми муайянсозии намудҳои об истифодабарӣ таснифи намуди истифодаи захираҳои об, ки аз рўи таъиноти асосии маќсаднок фарќ мекунанд, зарур мебошад.

Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул, яъне ройгон мебошад. Истифодаи махсуси об бошад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ сурат мегирад.

Вобаста ба ўҳдадориҳои истифодабарии об сухан намуда, ќайд менамоям, ки истифодаи оќилонаи объектҳои об, зоҳир намудани ѓамхорӣ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барќарору беҳтар кардани сифати обҳо, ҷорӣ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад; андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати ќатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷорӣ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд; дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрӣ, заҳбурҳо, обтозакунӣ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳӣ ва дигар набототу ҳайвоноти обӣ дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани минтаќаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, ўҳдадории ҳар як истифодабарандаи об ва вазифаи муќаддаси ҳар яки мо мебошад.

Зоҳир намудани ѓамхорӣ нисбати захираҳои оби кишварамон бо танзими давлатӣ –ҳуқуқӣ дар иртибот буда, аз мавқеи солими ҳар як инсон гувоҳӣ медиҳад.

 

               Котиби маҷлиси судии

               Суди иқтисодии вилояти Суғд                                                            Сайдуллоӣ П.Ҳ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *