Оилаи солим – асоси пешбарандаи Конуни  Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд”

Posted by

 Оилаи солим – асоси пешбарандаи Конуни  Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд”

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрўзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерўи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсоc гардад. Дар ин ҳолат, афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дўст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд.

Аз ин лиҳоз, таълиму тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.
Бо дарназардошти мушкилоту масъалаҳои дар ин самт мавҷуда дар натиҷа чанде пештар ба хотири баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мустаҳкам намудани робитаи оила бо мактаб баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд, ки он ба эътирофи коршиносони маъруфи соҳаи ҳуқуқ падидаи нодир маҳсуб мешавад. Ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонуни миллӣ ба воя расонидани насли солиму тарбиядида ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат мебошад, ки пешрафту тараққиёт ва ободии ояндаи ватани маҳбубамон ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд. Мо ба ин васила мехоҳем, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кўдакону наврасони кишварамон ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расида, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро таъмин намоянд.

Яке аз падидаҳои номатлуб, ки солҳои охир мисолҳои он дар кишвари мо зиёд шудааст, пошхўрии оилаҳои ҷавон ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Дар гузашта ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид карда, синну соли никоҳӣ аз синни 17 ба 18 бардошта шуд, вале ҳоло ҳам дар баъзе ноҳияҳо ҳолатҳои ақди никоҳ бо духтарони ноболиғ мушоҳида мешаванд.

Аз ин рў, мақомоти судӣ ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки корро дар байни занону духтарон ва хусусан бо навхонадорон вусъат бахшида, дар ин самт имконияту таҷрибаи шахсони обрўманд, зиёиён ва оилаҳои намунавиро васеъ истифода баранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии барҳам хўрдани оилаҳои ҷавон ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон, аз ҷумла духтарон мебошад.

Дар инъикоси ҳаёти занон ва мушкилоти онҳо, иштироки бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳо дар мақомоти судӣ бояд фаъолона саҳм гиранд.

Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Абдусатторӣ Х.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *