Мавкеи судхои иқтисоди дар тахкими заминахои иқтисодии истиқлолият

Posted by

Мавкеи судҳои иктисоди дар таҳкими

заминаҳои иктисодии истиклолият

Бояд ёдовар шуд, ки дар заминаи истиклолияти давлати ва рушду такомули давлатдории навин Чумхурии мо махсусан баъди баргузор гардидани Ичлосияи XVI-уми такдирсози Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва Сарвари давлати Точикистониён интихоб гардидани мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина роҳи рушду тараққиётро тай менамояд.

Дар давраи Истиқлолият дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар гардиши куллӣ ва дигаргуниҳои назаррас ба вукуъ пайваста бо баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи иқтисод низ ба  дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Иқтисодиёти кишвар давоми солҳои истиқлолият дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум бо маром рушд ёфта дар мамлакат садҳо иншоотҳои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта бунёд гардиданд, ки имр=зҳо самараи худро дода истодаанд.

Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаршар», «Шаҳристон» ва «Чормагзак», сохтмони неругоҳҳои барқии «Сангтуда 1», «Сангтуда 2», идомаи сохтмони нер=гоҳи Рощун ва садҳо неругоҳҳои хурду миёна, бунёд ёфтани шоҳроҳҳои азим, роҳҳои оҳани паҳнвор ва гайраҳо номгуи кутоҳи дастовардҳои иқтисодии мамлакат дар даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Дар кишвари мо давоми солҳои истиқлолият ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқи паҳлу ба паҳлу идома ёфтанд, ки ба рушди бемайлони ин ду соҳаи муҳими ҳаёти чамъиятӣ мусоидат намуданд.

Баробари қабул гардидани Конститутсияи Чумҳурии Точикистон соли 1994 дар чумҳурии мо ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида ислоҳоти судӣ огоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Чумҳурии Точикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шурои адлия таъсис ёфтанд.

Дар натичаи дигаргун шудани сохти давлатдорӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ чои нақшаро шартнома гирифт, ки омили асосии пешбурди иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб мерафт. Муносибатҳои иқтисодии чамъият куллан тагйир ёфтанд.

Хукумати Чумҳурии Точикистон бо дарки аниқи қонуниятҳои иқтисоди бозоргонӣ таъсис ва рушди системаи судии иқтисодиро ба миён гузошта шуд.

Сараввал ислоҳоти системаи судҳои иқтисодӣ дар Чумҳурии Точикистон, ки бо иваз гардидани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан ба судҳои иқтисодӣ огоз ёфт,  раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро баҳри таъмини адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ суръат бахшид. Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хочагӣ дар соли 1995 ба вуқуъ омад ва ду санади нав: Конуни конститутси­онии Чумҳурии Точикистон “Дар бораи судҳои Чумҳурии Точикистон” ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Чумҳурии Точикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул шуданд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили пурраи ҳокимияти суди ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз руи парвандаҳои хочагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ вогузоштанд.

Имрузҳо тибқи қонуни Конститутсионии Чумҳурии Точикистон «Дар бораи судҳои Чумҳурии Точикистон» Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Точикистон дар ҳайати Плениуми Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Точикистон Раёсати Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Точикистон марҳилаи судии аппелятсионӣ ва кассатсионӣ амал мекунанд.

Таъмин намудани қонуният ва адолат аз чониби ҳокимияти судҳои иқтисодӣ шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодии мамлакат ҳисобида шудааст.

Бо Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон аз 23 июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдик гардид, ки тадбирҳои мушаххас бобати амалӣ намудани ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар бар гирифт.

Кодекси мурофиавии иқтисодии Чумҳурии Точикистон тагйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, васеъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳоро дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини бемайлони мустақилияти судяҳоро пешбинӣ намуд.

Давоми солҳои охир Кодекси мурофиавии иқтисодии мамлакат мунтазам такмил дода шуда дар таъмини адолати судӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии чамъиятӣ ва ба ин васила барои боло рафтани маыоми судҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодию ичтимоии кишвар мусоидат карда шуданд.

Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд, баррасӣ ва ҳал менамояд.

Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои ба онҳо тобеияти идоравидоштаро бо иштироки ташкилот, шаҳрвандони Чумҳурии Точикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хоричӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хоричӣ, шахсони бешаҳрванд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машгуланд, ташкилотҳои дорои сармояи хоричӣ, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст, қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ мекунанд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат барои қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 бо Фармони алоҳида “Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2011-2013” қабул гардид.

Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти суди, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамачонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо иборат мебошад.

Фаъолияти судҳои иқтисодии Чумҳурии Точикистон давоми солҳои Истиқлолият маҳз бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва таъмин намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дap соҳаи иқтисодиёт равона карда шудаанд, ки дар раванди рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Судҳои иқтисодии мамлакат ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ, ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Точикистон ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолият мебаранд.

 

   Котиби мачлиси суди иқтисодии  вилояти Сугд:   Бобозода Д.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *