ОИНАИ ДУРНАМОИ КИШВАР

Posted by

Паёми имсолаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон хамчун оинаи муваффакияти имрӯзу ояндаи кишвар ба инъикоси пешрафтхои навини кишвари бихиштосоямон нигаронида шуд. Барномаи дурнамои Хукумати мамлакат – Паём замоне ироа гардид, ки чомеаи чахони дар мархалаи ворид шудан ба муборизахои навин карор дорад, ки албатта, барои хар як давлати сохибистиклол ин тамоил хатари бесобика дорад. Президенти мамлакат чандин ташаббусхои Точикистонро дар сатхи чахони ёдовар шуданд, ки яке аз онхо расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми чахонии кишвари Точикистон дар сохаи об – «Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028» дар Мачмаи умумии Созмони Милали Муттахид ба шумор меравад. Ин ташаббусхои чахони бори чахорум имконият фарохам овард, ки Точикистон  хамчун кишвари ташаббускор дар самти об дар сатхи чахони муаррифи шавад.

Хамчунин, аз чониби Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон ба кор андохтани агренати якуми Нерӯгохи барқи обии «Роғун» хамчун ибтидои гардиши кулли дар таърихи Точикистон унвон ёфт. Зеро «Роғун» барои бароварда гардонидани орзуву ормони мардум хамчун як иншооти бузурги аср хидмати арзандаеро ба анчом расонида метавонад. Дигар омили хамчун соли таърихи эътироф шудани соли 2018 пайванд ба барқарор шудани муносибатњои сиёсиву иқтисоди ва тичоратии Точикистон бо чумхурии хамсояи ба мо дӯст Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки махз дар соли 2018 амали гардид. Пешвои миллат бо ишорат ба хамин гуна музафариятхо, ки дар соли чори рӯйи кор омадаанд, бо нишон додани равандхои татбиқи хадафхои стратегии мамлакат, ки яке аз онхо таъмини истиқлолияти озуқавори ба шумор меравад, дастоврадхои Хукумати мамлакатро муаррифи карданд. Точикистон дар тамоми чабхахо бо фарохам овардани шароити мусоиди кори ба пешравихо назарас ноил гардидааст. Таъсис ёфтани зиёда аз 150 хазор чойхои нави кори худ гувох ба захматхои шабонарӯзии Пешвои миллат аст.

Пешвои миллат тахкими иқтидори илмии кишварро дар баробари чори кардани ихтироот дар истехсолот, устувор гардонидани пояхои моддиву техникии муассисањои таълими, баланд бардоштани сифати таълим дар хамаи зинахои тахсилот, чалби боз хам васеи истеъдодхои чавон ба омӯзиши технологияхои муосир ва корхои эчодиву техники яке аз вазифаи мухимтарини сохахои илму маориф унвон намуданд. Бояд қайд кард, ки Точикистон бо рохандозии чунин барномахои сатхи баланди давлати ба мархалаи тамоман нави рушд ворид гардида истодааст.

Мардуми кишвар аз нишондодхои Хукумати мамлакат қаноатманд буда, хамеша набзи пешрафти рӯзафзӯни кишвари азизамонро эхсос намуда истодаанд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода  Сулаймон Оймахмад

 

Leave a Reply

Your email address will not be published.