Имрӯз, дар толор Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баргузор гардид
Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, Муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзноми ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодӣ оид ба ҷамъбсти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2018 Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда оид ба таҳлили фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 маърӯза намуда, сипас ахборотҳои муовини якуми Раис оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият баромад намуданд.
Баъд аз анҷоми натиҷаи фаъолияти судҳои иҷтисодӣ аъзои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Судяи суди Олии иқтисодӣ Раҷабзода Парвина Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.
Дар анҷоми ҷаласа бо фармоиши Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамар дар соли 2018 ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар бо “Ифтихорномаи фахрӣ” ва 7 нафар бо “Ифтихонома” – и Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ахбороти натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар солӣ 2018 рузҳои наздик пурра ва муфассал интишор мегардад.